Машғулияти семинарии кормандони дастгоҳи Судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар толори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ, бо мақсади такмил додани малакаи касбӣ, баланд бардоштани донишиши ҳуқуқӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ баргузор гардид.

Дар аввал Роҳбари Дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Қаҳҳорзода Ҷ. баромад намуда оид ба интизоми корӣ, пешгирии омилҳои коррупсионӣ, омодагии довталабон ба озмуни коромӯз-судя ва дастурамалҳои корӣ ва мансабии хизматчиёни давлатии маъмурии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрони намуд.

Инчунин Қаҳҳорзода Ҷ. дар бораи омузиши забонҳои хориҷи аз ҷумла русӣ ва англисӣ суханрони намуда қайд кард, ки донистани ин забонҳои хориҷи барои ҳар як хизматчии давлати муҳим мебошад ва бояд ҳар нафар доимо барои такмил додани сатҳи донишу малакаи худ кӯшиш намояд.

Дар идомаи семинар котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Султонзода Ҷамшед дар мавзуи “Дастурамалӣ мансабии сардори шуъбаи умумӣ судҳои иқтисодӣ, котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Буриев Наврӯз дар мавзуи “Оид ба дастурамалӣ коргузории шуъбаи умумии суди иқтисодии вилояти Хатлон” ва котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Ҳалимзода Қ дар мавзуи “муҳокимаи судӣ (Барасмиятдарории парвандаҳои судӣ)” маърӯза намуда бо иштирокчиёни семинар мубоҳиса намуданд.

Қайд карданд зарур аст ки чунин семинарҳо мувофиқи нақша охири ҳар моҳ гузаронида мешаванд.

Напечатать страницу Напечатать страницу