- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Вусъати корҳои ободонӣ , кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар майдончаи универсалӣ

Имрӯз аз ҷониби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонва суди иқтисодии шаҳри Душанбе бо мақсади вусъати корҳои ободонӣ , кабудизоркунӣ ва гулшинонӣ дар иншооти варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ, ки дар кучаи Владимир Маяковскии н. Сино воқеъ гардидааст, шанбегӣ гузаронида шуд.

Айни замон корҳои сохмонии иншооти мазкур анҷом ёфта, он аз майдончаҳои гуногун барои бозиҳои футболи хурд, волейбол, баскетбол ва майдони солимгардонӣ барои кӯдакону наврасон ва гулгашт иборат аст.

Дар майдонча барои фароғатии сокинони маҳал гулҳои гуногуни мавсимӣ, дарахтони ороишӣ шинонида, ҳайкалҳои бетонии ҳайвончаҳо насб карда шуд. Ба ғайр аз ин, як қисмии таҷҳизотҳои насбкардашуда барои бозии кӯдакон рангубор гардиданд.