Имрӯз бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти №1044 аз 11 апрели соли 2018, Қосимзода Сулаймон Оймаҳмад ба вазифаи раиси суди иқтисодии вилояти Суғд, Исмоилзода Раҳмоналӣ Анвар муовини раиси суди иқтисодии вилояти Суғд ва Азизи Назрибек раиси суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардиданд
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат онҳоеро, ки ба вазифаҳои масъули сатҳи роҳбарӣ таъин шуданд, ба ҳузур пазируфта, онҳоро вобаста ба иҷрои вазифа ва масъулияти роҳбарӣ бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар сохторҳои судӣ ҳидоят намуданд. Ҳамчунин таъкид намуданд, ки дар доираи санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳавӣ кори бонизому дуруст ва самараноки самти вобасташударо таъмин намуда, дар фаъолияти худ адолати судӣ ва риояи қонуниятро таъмин намоянд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
