Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодӣ таҳти раиси Раиси Пленум, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М. С., бо иштироки муовинон ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ғайр аз ин, дар кори маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрокунандаи вазифаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ваҳобов Валӣ Манонович иштирок намуданд.
Дар натиҷа, дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодӣ масъалаҳои зерин, аз ҷумла, дар бораи аз котиби Пленум, ҳайати Раёсат ва коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ намудани Исматзода Рахмат, дар бораи ба сифати котиби Пленум ннтихоб
намудани Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа, дар бораи аз ҳайати Раёсати Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон хорич намудани Шоҳиён М.А. ва Абдуллозода З.Ф., дар бораи ба ҳайати Раёсати Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон тасдиқ намудани судяҳо Саид Суҳроб ва Раҷабзода Парвина Шариф, дар бораи аз ҳайати коллегияи судии Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон хорич намудани судяҳои бозхондшуда; дар бораи ба хайати коллегияи судии Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон тасдик намудани судяҳо; “Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба карори Пленуми Суди Олии иктисодии Ҷумхурии Точикистон аз 18 октябри соли 2013 таҳти №4 “Дар бораи татбики меъёрхои Кодекси мурофиавии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон дар суди мархилаи назоратй”; “Дар бораи ворид намудани тагйирот ба карори Пленуми Суди Олии иктисодии Ҷумҳурии Точикистон аз 16 декабри соли 2014 таҳти №1 “Дар бораи баррасии парвандаҳо бо тартиби истехсолоти соддакардашуда”;“Дар бораи ворид намудани тағйироту иловаҳо ба қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 октябри соли 2013 таҳти №3 «Дар бораи татбиқи меъёрҳои Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми
баррасии парвандаҳо дар марҳилаи кассатсионии суди иқтисодӣ”, “Дар бораи ворид намудаии тағйирот ба Қарори Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1 аз 23 апрели соли 2004 “Дар бораи баъзе масъалаҳои вобаста ба шартномаи маҳсулотсупорӣ” баррасӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки масъалаҳои дар маҷлиси Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда пурра баррасӣ карда, қарорҳои Пленуми дахлдор қабул гардиданд.
Маркази матбуоти СОИ ҶТ
Напечатать страницу