Санаи 16 марти соли 2018 муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир Дар толори маҷлисгоҳи ҶДММ “Газпромнефть – Таджикистан” бо ҳайати кормандон дар мавзуи “Нуқтаҳои асосии Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми декабри соли 2017”, “Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дигар масъалаҳои роҷеъ ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурӣ гузарониданд.
Дар вохурӣ Муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокир
баромад намуда, доир ба мавзуъҳои номбурда суханрони намуданд. Ҳамчунин аз Ҷониби Аминзода Зокир қайд гардид, ки аз мазмуни Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардани соли ҷорӣ айён мегардад. Ҳамзамон бо дастгирии соҳаи сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ якқатор сабукиҳои андоз пешниҳод шудаанд.
Инчунин зикр гардид, ки 15 март ҳамасола рӯзӣ ҳуқуқи истеъмолкунандагон ҷашн гирифта мешавад. ҶДММ “Газпромнефть – Таджикистан” яке аз корхонаҳоест, ки дар самти хизматрасони ба мардум оиди таъмини сузишвории нафти ба ҳисоб меравад, ки аз пешниҳоди маҳсулоти баландсифати нафти ва замина дар брзори истеҳмолӣ буда, рақобатро байни ширкатҳои таъминкунандаи молҳои сузишвории нафти ба миён меорад.