21 марти соли 2018 дар саҳни Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодӣ, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодӣ, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ бо номи «Пайки Наврӯзи ҷаҳонӣ» баргузор гардид.
Чорабинии мазкурро муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қодирзода А.С бо сухани табрикотӣ оғоз намуда, иштироккунандагони чорабинии мазкурро бо Иди байналмилалии Наврӯз табрик намуданд.
Қобили зикр ва боиси ифтихор аст, ки имрӯз бо ташаббуси нек ва бо ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид Иди Наврӯз ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Иди байналмилалии Наврӯз иди арзишмандтарин буда, дар ҳаёти фарҳангӣ ва маънавии кишварҳои гуногуни ҷаҳон ҷойгоҳи хосаро касб намуда, ҳамчун рамзи покизагӣ ободонӣ ва пайвандгари халқу тамаддунҳо дар кулли кишварҳои олам ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.
Иди байналмилалии Наврӯз воқеан ҳам зеботарин ҷашни сабзиш, офариниши ҷаҳон ва омадани соли нав мебошад. Наврӯз ифодакунандаи завқу сирати мардум ва нишондиҳандаи хусусияти инсондӯстонаи мардумон мебошад.
Боиси хурсандист, ки Ватани маҳбубамон аз Наврӯз то Наврӯзи дигар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи сифатан нави рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ворид гардида, мардуми бо нангу номуси диёрамон ба ояндаи дурахшон бо назари нек қадамҳои устувор мегузоранд.
Дар чорабинии мазкур анъанаҳои миллии ниёгонамон пос дошта шуда, як қатор рамзҳои Наврӯзӣ, оростани суфраҳои идонаи “Ҳафт син” ва “Ҳафт шин”, духтари зебои сол (арӯси сол – Баҳор) ёдовар шуда, аз ҷониби кормадони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар васфи Наврӯзи ҷаҳонӣ шеърҳо ва дубайтиҳо қироат карда шуданд.
Дар идомаи чорабини, ки бо оростани дастархони идона ва омода намудани таомҳои милли ва маросими пухтани Суманак баргузор гардид, бо иштироки мутрибон аҳли нишаст рақсу бози ва хурсанди намуданд.
Дар анҷоми чорабини Раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қаландарзода М.С кормандон, аҳли оилаи кормандон ва меҳмонони чорабини мазкурро ба муносибати ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонафрӯз муборакбод намуда, таманнои онро намуданд, ки ҳамеша чун гулҳои наврӯзӣ сабзу шукуфон, қалбашон ба мисли офтоби оламоро гарму равшан, руҳашон чун субҳидам поку беғубор, таъбашон ба амсоли қалби модарон саршор аз меҳру муҳаббат, зиндагониашон чун дастурхони наврӯзӣ пурфайзу пуранво бошад.







