- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Маросими шиносоӣ ва савганд ёд намудани шахсоне, ки аз рӯи натиҷаи озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд

Имрӯз дар маҷлиси назди роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими шиносоӣ шахсоне, ки аз рӯи натиҷаи озмун ба мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд, гузаронида шуд.

Инчуни дар маҷлис маросими ботантана савганд ёд намудани хизматчиёни давлатие, ки бори аввал ба мансаби маъмурии хизмати давлатӣ таъин гардиданд, доир гардид. Хизматчиён дар савганди худ қайд намуданд, ки тибқи талаботи “Кодекси одоби хизматчии давлатӣ” бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб менамоянд.

Роҳбарияти Суд онҳоро барои ба вазифаҳои нав таъин шудан табрик гуфта, ҳамзамон ба хизмати содиқонаю софдилона, ҳифзи манфиатҳои давлатии Тоҷикистон, таъмини волоияти қонун ва такмил додани донишу маҳорати касбии худ ҳидоят намуданд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ.