- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҳифзи судии ҳуқуқи истеъмолкунандагон

Ҳамасола санаи 15 март “Рӯзи умумиҷаҳонии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар тамоми дунё ҷашн гирифта мешавад.

Пайдоиши ҷашни мазкур таърихи қадима дошта, баъзе элементҳои ҳифзи ҳуқуқи истеъмолкунанда ҳанӯз дар қонунҳои Хаммурапӣ (асри 8 то мелод) муайян карда шудаанд. Вале аввалин бор дар шакли санади алоҳида он 15 марти соли 1962 дар ИМА бо номи “Қонун дар бораи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда” қабул карда шудааст. Ин қонун муқаррар намуд, ки ҷамъияти истеъмолкунандагон ҳуқуқ ба ҳимоя, иттилоот, интихоб ва ҳуқуқи шунида шуданро дорад. Аз ҳамон вақт инҷониб санаи қабули қонуни зикршуда, санаи ҷашни эълон шудааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин санади меъёри ҳуқуқие, ки ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро муайян ва ҳифз мекард, ин Қонуни ИҶШС аз 22 маи соли 1991 “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъсолкунандагон” буда, баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” 15 маи соли 1997 қабул гардид.

Бо қабул гардидани Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба танзим дароварда шудани баъзе самтҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон зарурияти қабули қонуни нав ба миён омад ва санаи 9 декабри соли 2004 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” дар таҳрири нав қабул карда шуд.

Қонуни мазкур ҳимояи давлатӣ ва ҷамъиятии ҳуқуқуҳои истеъмолкунандагонро муқаррар ва тарзи татбиқи ин ҳуқуқҳоро муайян намуд.

Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон дар ҳамин Қонун дар 9 самт нишон дода шудааст: -ба маърифатнокӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон, – ба маълумот доир ба мол ва ҳамчунин доир ба истеҳсолкунандагони он,  – ба бехатарии мол, -ба интихоби озоди мол,- ба сифати муносиби мол, -ба ҷуброни пурраи зараре, ки бинобар нуқсони мол расидааст, -ба суд ва дигар мақомтҳои ваколатдори давлатӣ барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои худ муроҷиат намудан, -ба таъсис додани иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, -ба пешниҳод кардани таклифу дархостҳо оид ба беҳтар кардани сифати мол ба истеҳсолкунанда.

Қайд бояд намуд, ки мардуми тоҷик аксаран оромтабиат ва шармгин буда дар бисёр маврид, аз ҷумла  агар нархи маҳсулоти фурухтамешуда на он қадар гарон бошад, сифати мол ба талабот мутобиқат накунад  ва ё дар молу маҳсулоти фурухташуда камбудиҳои техникӣ ва сифатӣ ҷой дошта бошанд молро ба фурушанда барнамегардонанд ва ё баҳри ислоҳ ё иваз намудани он муроҷиат намекунанд. Дар баъзе маврид бошад ба муроҷиати худ ҷавоби носазое шунида аз баҳри он моли харидаи худ мебарояд. Ин ҳолат боис мегардад, ки истеҳсолкунандагон ва ё фурушандагони молу маҳсулот  аз ин хислатҳо истифода намуда ба рақобати беинсофона роҳ меёбанд.

Бозори фуруши молу маҳсулот ба ғайр аз омӯзиши талаботи мардум инчунин табиату хислатҳои ниёзмандонро омӯхта, аз ин ҳолат баъзан беинсофона амал мекунад.

Қонунугузор бо назардошти ҳамин ҳолатҳо ба истеъмолкунандагон ҳуқуқ додааст, ки барои ҳифзи ҳуқуқҳояшон ва намояндагии онҳо иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъсис диҳанд.

Дар ҳамин замина дар Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июли соли 2002 Иттифоқи истеъмолкунандагони Тоҷикистон таъсис дода шудааст, ки он ташкилоти ҷамъиятию ғайритиҷоратӣ буда мақсади он аз расонидани ёрии ҳамаҷониба баҳри ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ва ба миён овардани бозори рақобатпазир ва боинсофонаи мол ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон мебошад.

Агар чӣ дар солҳои аввали ташкилшавии Иттифоқи мазкур дар тамоми ҳудудҳои ҷумҳурӣ як маъракаи саросарии маърифатноккунии аҳолӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон ба роҳ монда шуда буд, солҳои охир ин масъала каме аз назарҳо ноаён мондааст.

Яке аз ҳуқуқҳои истеъмолкунанда тибқи Қонуни зикршуда ин ҳуқуқ ба бехатарии мол мебошад.

Маҳз баҳри ҳифзи ҳамин ҳуқуқҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 22 декабри соли 2017 чунин қайд намуданд:-“таъмин намудани аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифат, ки шарти асосии солимии мардум мебошад, яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Вале ҳолатҳои аз ҷониби соҳибкорону тоҷирон бо ҳар роҳу васила ба бозори истеъмолии кишвар ворид намудани маҳсулоти пастсифат ба назар мерасанд, ки ба саломатии шаҳрвандон зараровар аст.”

Бо назардошти ҳолати ҷойдошта Пешвои миллат дар Паём ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш доданд, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ мақомоти ваколатдор доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон” чораҳои таъхирнопазир андешанд ва дар ин самт Барномаи бехатарии маҳсулоти озуқавориро таҳия ва амалӣ намоянд.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ, ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз, зарурият дорад.

Аз ин бармеояд, ки давлат оиди сиҳатии мардум  ғамхорӣ намуда, он кафолатҳое, ки Конститутсия ва Қонуни мазкур дар самти ҳимояи ҳуқуқи истеъсолкунандагон пешбинӣ намудааст, иҷро карда истодааст.

Дар баробари ғамхориҳо, баҳри вусъат додани баъзе соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ба истеҳсоли молу маҳсулоти хушсифати ватанӣ машғуланд пешниҳоди имтиёзҳо ниҳ роҳандозӣ гашта истодааст.

Бояд қайд намуд, ки бо ҳимоя карда шудани ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон аз ҷониби мақомотҳои давлатӣ, яке аз шаклҳои самараноки ин ҳимоя,  ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ мебошад.

Ҳуқуқ ба ҳифзи судӣ ин кафолати конститутсионӣ буда, он ба маҷмуи ҳуқуқҳои бегонанашавандаи шахс мансуб аст ва дар ҳеҷ ҳолат маҳдуд карда намешавад. Ин ҳуқуқ,  барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншударо тариқи ба амалбарории адолати судӣ, кафолат медиҳад.

Таҳлили таҷрибаи судӣ нишон медиҳад, ки даъвоҳо вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъсолкунандагон тобеияти идоравии судҳои умумиро доро мебошанд, зеро дар он як тараф шахси воқеӣ ҳамчун истеъмолкунанда баромад намуда, тарафи дигар шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкорӣ инфиродӣ мебошад. Муроҷиатҳо асосан дар шакли аризаи даъвогӣ  ба суди маҳалли зисти даъвогар ё маҳалли ҷойгиршавии ҷавобгар ва ё маҳалли зарари расонидашуда пешниҳод мешаванд.

Қайд намудан ҷоиз аст, ки вобаста ба даъвоҳо оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон тартиби пешазсудии баҳсҳо низ пешбинӣ шудааст. Яъне то пешниҳоди ариза ба суд истеъмолкунанда аввал бояд ба фурушандаи молу маҳсулот ё хизматрасониҳо оиди ҳал намудани баҳси ба миён омада муроҷиат намояд. Амалия нишон медиҳад, ки дар бисёр ҳолат фурушандагони молу маҳсулот ё иҷрокунандагони кор ва хизматрасонӣ баҳри нигоҳ доштани эътибори кории худ ва сарфаи вақт талаботҳои истеъмолкунандагонро иҷро ва камбудиҳои худро ислоҳ менамоянд.

Мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ, мақомотҳои давлатии ваколатдор, ки ба сифат ва бехатарии мол назорат мекунанд, мақмотҳои ҳокимияти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии истеъмолкунандагон, ки ба манфиати гуруҳи муайян ва ё номуайяни истеъмолкунандагон даъво пешниҳод мекунанд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз пардохти боҷи давлатӣ озод карда мешаванд.

Бо қабули ҳалномаи судӣ ҳуқуқҳои вайроншудаи истеъмолкунанда(гон) ҳифз ва ё барқарор карда шуда, тарафҳо ба ҳолати аввала баргардонида мешаванд. Агар дар натиҷаи риоя накардани ҳуқуқҳои бо қонунгузорӣ пешбинишудаи истеъмолкунанда ба охирин зарари маънавӣ расонида шуда бошад, он ҳам тариқи судӣ ҷуброн карда мешавад.

Муроҷиат ба суд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои вайронгашта асоси ба миён овардани бозори рақобатпазир гашта ба дастрасии молу маҳсулоти хушсифат замина муҳайё менамояд.

Аминзода Зокирҷон Тоҳир
Муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз ҳафтаномаи “Қонун ва ҷомеа” №11 (463) аз 15 марти солс 2018