Иди модарон аз фаро расидани фасли баҳор арӯси сол ва эҳёи табиат мужда мерасонад. Дар ин падида як рамзи амиқе хает, ки он ба сиришти неку созанда ва ниҳоди поки модарон алокамапд аст.
Имрӯз мо бо қаноатмандии бузург гуфта метавонем, ки бо фаро расидани сулҳу амонӣ дар сарзамини ҳамешабаҳорамон якдилию ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстию ваҳдат сол аз сол густариш ва таҳким мсёбад. Ин боиси сарфарозӣ ва шукргузории тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон аст.
Зан – модар, ки офарандаи наслҳост, бо тамоми вуҷуди худ мукобили ҷанг ва харобкорӣ мебошад. Занон қувваи бузург буда, бо боварии калон гуфта метавонем, ки дар ҳамаи риштаҳои зиндагӣ пешсаф ҳастанд ва дар ҳалли вазифаҳои муҳими ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд.
Зан модар, ки меҳвари асосии ҳар хонадон аст, аз рӯзи азал вазифаи мукаддас ва басо масъулиятнок, яъне тарбияи инсон ва дар ниҳоди вай ҷойгир намудани ахлоқи ҳамида, шафқат ва муҳаббат, эҳсоси ватанпарварию миллатдӯстӣ, қудрати созандагию офаридагорӣ ба уҳдаи зан – модар гузошта шудааст.
Маҳз модар бо иффат, ақлу фаросат, бо хулқи ҳамида ва меҳру шафқат рӯзгори моро зебо мегардонад.
Бо шукргузорӣ аз соҳибдавлатӣ фарорасии баҳори тозаи умр ва Рӯзи модар – иди фархундаи модарони азиз ва хоҳарони арҷмандро бо эхтирому камоли ихлоси фузун ба ҷамъи модарони Тоҷикистон хуҷаста бод гуфта, барояшои олитарин ормонҳои зиндагӣ, рӯзгори бофароғат ва пурфайзу баракатро таманно дорам.
Бигзор офтоби муҳаббати модарони тоҷик бо нури садокату рафоқати гарми худ фазой зиндагии моро дучанд равшан, мехрубон ва саршор аз шодиву орзуҳои нек бигардонад.
Бо бахти мо ҳамеша саодатманд ва хушбахт бошанд. Иди Рӯзи Модар муборак бошад, модарони азиз ва хохарони арҷманд!
Амрихудозода Фарида Дайхудо
Мутахассиси пешбари Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон