Имрӯз дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷобаҷогузории дуруст ва ба кор қабул намудани кадрҳои поквиҷдону болаёқат озмун баргузор гардид.
Дар озмун ҳайати комиссия, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мушовири калони бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба кадрҳо, намояндаи Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати судҳои иқтисодӣ ширкат намуда бо 18 довталаб аз руи ихтисосҳои дар озмун эълоншуда суҳбат гузарониданд.

Мақсад аз гузаронидани озмун, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои баландихтисос ва салоҳиятнок ба хизмати давлатӣ мебошад
Натиҷаи озмун дар муҳлати муқараршуда эълон карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан дар хусуси баргузор намудани озмун дар санаи 11.12.2017 эълон ба нашр расида буд.
Напечатать страницу