Ифтитоҳи бинои таълимии мактаби №26 бо 640 ҷойи нишаст ва Хонаи истиқоматӣ барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ

14 феврал Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду бастро дар ҳудуди мактаби рақами 26 мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обиии “Варзоб” сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгу нест, зеро дар ин бино,  ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуд. Бо дарназардошти вазъи ба амал омада ва таъминоти хонандагон бо синфхонаҳои барҳавову замонавӣ, фароҳам овардани шароити муосири таълим, инчунин беҳтар кардани сифати тадрис Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба нақша гирифтанд, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳр як бинои иловагии нав барои фарзандони сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда, мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Ҳамин тавр дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 апрели соли 2017 барои бунёди бинои таълимӣ озмун эълон карда шуда, наздики 15 миллион сомонӣ маблағ ҷудо гардид.

Фармоишгар Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе, лоиҳакаш Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “САНИИОСП” ва пудратчӣ Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи “СТС-Иншоот” мебошад.

Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ ва аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст.

Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо  толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар ин муассисаи таълимӣ бо хонандагони хуштолеъ, ки имрӯз соҳиби туҳфаи арзандаи Пешвои миллат – мактаби нав гардиданд, суҳбати самимӣ доир карда, онҳоро ба хониши хубу аъло, аз худ кардани илму технологияи замонавӣ ҳидоят карданд. Хонандагон низ дар навбати худ ба Президенти мамлакат барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипос карда, ваъда доданд, ки бо истифода аз тамоми шароитҳои таълим хубу аъло мехонанд.

Баъди шиносоии пурра бо шароити донишомӯзӣ дар толори маҷлиси ҳамин мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо устодону хонандагон ва дигар фаъолони ноҳияи Исмоили Сомонӣ мулоқоти судманд доир карданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои нави мактабро ба ҳозирин шодбош гуфта, оид ба дастовардҳои соҳаи пешбарандаи ҷомеа – мактабу маориф, талошҳову ташаббусҳои Ҳукумати кишвар баҳри беҳдошти шароити иҷтимоии мардум андешаронӣ намуданд.

Инчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бинои 5 – ошёнаи истиқоматӣ барои оилаҳои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба истифода дода шуд.

Мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои мазкур дар рӯзҳои таҷлили солгарди 25-уми Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат рамзӣ буда, шаҳодати ғамхориҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон нисбат ба кормандони ин сохтори муҳими давлатӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки корҳои сохтмонӣ аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муддати ду сол бо сифати баланд ва бо тарҳи замонавӣ анҷом ёфта, он аз 60 ҳуҷраи истиқоматӣ, таваққуфгоҳи зеризаминӣ барои 25 нақлиёт ва майдончаи кӯдакона иборат мебошад. Аз шумораи умумии ҳуҷраҳо 4 ададаш сеҳуҷрагӣ, 32 дуҳуҷрагӣ ва 24 хонаи якҳуҷрагӣ мебошад.

Бинои мазкур бо сарфи наздики 17 миллион сомонӣ дар давоми солҳои 2014-2017 бунёд шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда, ба кори сохтмончиён баҳои сазовор доданд ва аз сокинони хуштолеъ – хизматчиёни  ҳарбии Гвардияи миллии Тоҷикистон даъват ба амал оварданд, ки содиқона ба нафъи халқу Ватан хизмат намоянд.

Дар навбати худ соҳибони манзилҳои нави истиқоматӣ ба Сарвари давлат барои дастгириҳои пайваста арзи сипосу миннатдорӣ намуда, изҳор доштанд, ки ин гуна қадршиносӣ онҳоро дар иҷрои масъулияту вазифаҳои бардушдоштаашон дучанд ҳавасманду масъулиятшинос хоҳад кард.

Напечатать страницу Напечатать страницу