Нимаи дуюми имрӯз, дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Гурӯҳи кории салоҳиятнок оид ба баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар арзёбиҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа ки бо иштироки аъзои Гурӯҳи корӣ, намояндагони шарикони рушд баргузор гардид, намояндагон аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистион Судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода П.Т., Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Саидзода З.С. ва сардори шӯъбаи умумии ҳамин суд Самадзода Б. иштирок намуданд. Дар ҷаласа ҷиҳати иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар кишвар ва баланд бардоштани мавқеи Тоҷикистон дар ин самт баррасӣ карда шуд.

Иштирокчиёни ҷаласа оид ба нишондиҳандаи бақайдгирии фаъолияти соҳибкорӣ, пайвастшавӣ ба шабакаи таъминоти барқ, гирифтани иҷозат барои сохтмон, бақайдгирии моликият, дастрасӣ ба қарз, ҳимояи сармоягузорони миноритарӣ, андозбандӣ, таъмини иҷроиши қарордод, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳалли масъалаи пардохтпазирӣ суханронӣ карда, баҳри баланд шудани мавқеи кишвар дар ин самт маълумотҳои дахлдор гирифтанд.
Ҷаласаро Раиси Кумита, Ҳамрализода Фаррух ҷамъбаст намуда, вобаста ба ин, Гурӯҳи корӣ ва масъулони соҳа ҷиҳати амалисозиҳои тадбирҳои зарурӣ ва дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намудани талаботу супоришҳои самти мазкур, аз ҷумла пешниҳоди руйхати субъектҳои соҳибкорӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор барои таҷдиди назар ба респондентҳои ҳисобот омода ва пешниҳоди маълумоти муфассал оид ба дастовардҳои ислоҳот дар самти соддагардонии танзими фаъолияти соҳибкорӣ барои пешниҳод ва арзёбӣ вазифадор карда шуданд.