Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба вакилони Маҷлиси намояндагон вакил аз ҳавзаи интихоботии Бобоҷон Ғафуров Мирзозода Мавлудахон ва муовини раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Зокирҷон баррасӣ намуда, афзуданд, ки тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда аз 7 қисм иборат буда, тибқи онҳо ба 36 моддаи Қонуни конститутсионии амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда мешаванд.Аз ҷумла, дар қисми 2 моддаи 16 ва қисми 2 моддаи 18 пас аз калимаҳои «Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва» калимаи «судяҳои» илова карда мешавад.Дар қисми 8 моддаи 19 пас аз калимаҳои «Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва»ва «Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон,» калимаҳои «судяи» ва «судҳои иқтисодии» илова мегарданд.
Сархатҳои шашум, дувоздаҳум ва понздаҳуми қисми 1 моддаи 53,ки салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, дар таҳрири нав ифода карда мешаванд.
Мутобиқи қисми 2 моддаи 11 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» суде, ки санади судиро баровардааст, иҷрои онро назорат мекунад. Аммо дар дигар моддаҳои Қонуни конститутсионии мазкур, ба ҷои калимаи «назорат» калимаи «таъмин» истифода гардидааст. Аз ин рў, бо мақсади бартараф намудани чунин ҳолат ва рафъи гуногунфаҳмӣ моддаҳои 32, 33, 34, 35, 36, 38, 39, 40, 41, 42, 54, 55 , 56, 63, 64, 65, 71, 76, 77, 78, 79, 82, 83, 84, 85, 87, 88, 89 ва 90 Қонун таҳрир карда мешаванд.
Илова намудани сархати сеюм ба қисми 1 моддаи 56 меъёри мазкурро пурра гардонида, ба судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳият медиҳад, ки эътироз ва шикояти назоратиро бо парвандаҳо мутобиқи қонунгузории мамлакат баррасӣ намояд.
Дар иҷлосия аз рӯи ҳамаи масъалаҳои барраси гардида, карорҳои дахлдор қабул карда шуд.