Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалӣ намудани Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 мутобиқи амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011 таҳти №АП – 1729, ки аз ҷониби Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 декабри соли 2017 тасдиқ гардидааст, бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Шоназаров Содиқ Ашурович, Муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ баргузор мегардад.
Дар соли 2017 ба судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 3166 адад аризаҳо оид ба баҳсҳои иқтисодӣ ворид ва аз онҳо 2081 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ин шумора 1670 адад парванда бо баровардани ҳалнома ҳал гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар соли 2017 аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ ҷамъ 2720 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 371 адад зиёд мебошад.
Дар ин давра 19 парванда бо вайрон кардани муҳлати мурофиавӣ баррасӣ гардида, 39 адад санади судӣ аз ҷониби марҳилаҳои болоӣ бекор карда шудаанд.
Вобаста ба муроҷиатҳои шахсони воқеӣ, барои роҳ додан ба камбудиҳо нисбати 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ ва амали 14 нафар судяҳо мавриди муҳокима қарор дода шуда, диққати онҳо бобати риояи қонунгузорӣ ва ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ҷалб гардид.
Ҳамзамон, дар ин муддат барои рӯёнидани зарар ба манфиати давлат ба маблағи 945 401 960 сомонӣ талабот арз гардида, аз ин шумора аризаҳои даъвогӣ ҷамъ ба маблағи 502 278 046 сомонӣ қонеъ карда шуда, рӯёниши ин маблағҳо барои иҷро ирсол шудааст.
Дар ҳамин давра аз ҷониби судҳои иқтисодӣ иҷрои як қатор санадҳои судӣ таъмин гардида, ба буҷаи ҷумҳурӣ 15 156 420,95 сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари ба давлат расонидашуда ворид карда шудааст.
Ғайр аз ин, дар давраи ҳисоботӣ бо санадҳои судии судҳои иқтисодӣ ба фоидаи давлат ҷамъ ба маблағи 16 115 621,49 сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст, ки барои иҷро ирсол гардида, таъмини иҷрои онҳо таҳти назорат қарор дорад.
Илова бар ин, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 марбут ба вазъи иҷрои санадҳои судӣ, таҳлил гузаронида шуда, ба ин васила муяссар гардид, ки аз ҳисоби санадҳои судии соли 2015 ба буҷети давлат 5 952 677,23 сомонӣ ва аз ҳисоби санадҳои судии соли 2016 бошад 24 805 661,19 сомонӣ ворид карда шавад. 
Ҳамин тариқ, дар маҷмӯъ дар соли 2017 воқеан ба буҷети давлат 45 887 759,37 сомонӣ ворид карда шудааст.
Дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуда, шумораи 180 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун 68 таъинотҳои хусусӣ бароварда, аз рӯи 42 ҷамъбасти амалияҳо судӣ, ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор 31 адад пешниҳодҳо ирсол намудаанд.
Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 904 маротиба баромадҳо карда, дар матбуот ва сомонаҳо 95 хабару мақолаҳо ба чоп расонидаанд.
Ҳамчунин, дар ин давра ба Суди Олии иқтисодӣ 590 мавод ворид ва мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
Дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ қабули шахсони воқеӣ ва намояндагони шахсони ҳуқуқӣ дар рӯзи шанбе роҳандозӣ карда шуда, дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ қабули 479 нафар ва судҳои иқтисодии кишвар 489 нафар муроҷиатҳо шунида ва ҳаллу фасл гардиданд.
Бобати бартараф намудани камбудиву норасогиҳои дар фаъолият ҷойдошта дар назди судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шудаанд.
Маркази матбуотӣ СОИ ҶТ





