- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Идомаи корӣ гурӯҳи кории таблиғотӣ бо фаъолон ва сокинони ноҳияҳои тобеи Марказ

Имрӯзҳо дар   шаҳру деҳоти ноҳияҳои тобеи Марказ суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ  баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи онҳо шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Боин мақсад аз гуруҳи корӣ бо роҳбарии Сайдали Сиддиқ Директори АМИТ ховар ва бо иштироки Сафар Шоҳсаидзода – Директори пажуҳишгоҳи илмӣ тадқиқотии забоншиносии ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, Бобоҷон Салимов – омузгори Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айни, Темурзода Шамсидин – судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар аъзоёни гуруҳ бо фаъолн ва сокинону истиқоматкунандагони маркази шаҳри Роғун, ҷамоати шаҳраки Оби Гарм, ҷамоати деҳоти Қади Об, Сичароғ ва доҳоту маҳалҳои атрофи онҳо вогуриҳо гузарониданд.

Аъзоёни гуруҳи корӣ дар суханронҳои худ оид ба муҳимтарин , самтҳои Паёми Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалй Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханрони намуданд. Аз ҷумла онҳо дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Точикистон, ҳадафҳои стратегии ҳукумати кишвар, бахшҳои асосии Паёми Пешвои миллат, муҳимияти сулҳу амният ва суботи кишвар, арзишҳои миллй, рукнҳои давлатдорӣ, рушди иқтисодию иҷтимой, «НБО Роғун» ҳадафи олӣ, рушди устувори иқтисодй-иҷтимоӣ ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон, саҳми шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои Миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дипломатияи об дар сайёра, ва шарҳи қонунҳо ва барномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», суханрони н амуданд.

Инчунин қайд, ки бо мақсади рушди соҳаи парандапарварӣ дар кишвар ва таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти хушсифати ватанӣ ҷорӣ кардани чораҳои ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзҳо доир ба андоз зарур аст. Дар робита ба ин, соҳаи парандапарварӣ оид ба истеҳсоли маҳсулоти озуқа яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, воридоти технологияву таҷҳизот ва мавод барои таъминоти соҳа аз ҳамаи андозу пардохтҳо озод карда шавад, ки ин барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар, таъмини амнияти озуқавори имконият медиҳад.

Ҳамчун оиди “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон кардани соли 2018, фарҳанг, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангй, омӯхтани мероси ниёгон, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷалби мардум ба ҳунарҳои миллӣ ва ба ин васила паст кардани сатҳи камбизоатӣ, даъвати аҳолӣ ба корҳои ободонию созандагӣ, бунёдкорй низ суханронӣ карда шуд.

Зикр гардид, ки мардум бештар ба корҳои ободонӣ, аз ҷумла, шинонидани дарахтони мевадиҳандаю сояафкан, тозаю озода нигоҳ доштани маҳали зист, банақшагирии боғҳо, тараққӣ додани соҳаи картошкапарварӣ, зироатҳои техникӣ ва дигар масъалаҳои зарурӣ диққати асосӣ дода шавад.