- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Идомаи вохӯриҳо вобаста ба шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 22 декабри соли 2017 омада ва иҷрои нақшаи кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 17 январи соли 2018, муовини якуми Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода А.С., муовини Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комили Ф. ва судяҳои ҳамин суд Мирзозода П.Т., Саид С. ва Азизӣ Ҷ. бо вакилони Ҷамоат, раисони маҳаллаҳо, директорони муассисаҳои таълимӣ ва роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонии ҷамоати деҳоти Роҳатӣ ва ҷамоати шаҳраки М.Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Даҳсолаи байналмилалии  амал “Об барои рушди устувор 2018-2028”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва чашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ вохурӣ ва суҳбат баргузор намуданд.

Дар охир иштироккунандагон ба саволҳои худ посухҳои мушаххас гирифтанд.