Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои кишвар вохуриҳо ва мулоқоту суҳбатҳои гурӯҳи кории таблиғотӣ бо аҳолӣ баргузор гардида истодаанд. Ҳадафи онҳо шарҳи моҳият ва муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.
Имруз дар толори шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор бо кормандони шуъбаи маорифи шаҳр бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода М.С. вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сироҷов Ш ва Содиқова Н. таҳти садорати раиси шаҳри Ҳисор Ҷумазода Ш. ҳамоиш ба омўзиши нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва роҳҳои амалигардонии дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, баргузор гардид.
Дар вохури оид ба дастовардҳои соли сипаригардида ва вазифаҳое, ки Пешвои миллат барои соли равон муайян намуданд, суханронӣ гардида, аз ҷумла, зикр карда шуд, ки пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намудани соли 2018 саривақтӣ буда, такмили қонунгузории танзимкунандаи фаъолияти соҳа, аз ҷумла, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030» такони бузурге дар самти ислоҳоти иқтисодии мамлакат мегардад». Хусусан Пешвои миллат қайд карданд, ки «Дар раванди тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад». «Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад» ин пешниҳод дар мадди аввал барои беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум ва тарғиби ҳунарҳои милли равона карда шудааст
Дар Паёми навбати, оид ба кам кардани санҷишҳо, додани имтиёзҳо барои рушди ҳунарҳои мардумӣ, мақсаднок ва босамар истифода бурдани замин, зиёд намудани кишти такрорӣ, мусоидат ба раванди бо шуғли асосӣ фаро гирифтани шаҳрвандон, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, ба роҳ мондани коркард ва истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир дар дохили мамлакат, тавваҷуҳи хос зоҳир гардидааст. Инчунин зикр гардид, ки «дар ҳақиқат мардуми мамлакат Паёми Пешвои миллатро ҳамасола бесаброна интизор мешаванд. Зеро Паёми Президенти ҷумҳурӣ воқеан ҳам фарогири паҳлуҳои мухталиф, аз ҷумла, иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳангу маориф буда, ба сифати роҳнамо дар рушди иқтисодиву иҷтимоии Тоҷикистон нақши хеле муҳим дорад. Паёми навбатӣ дастовардҳои мамлакатро дар чанд соли сипаригашта ва барои солҳои оянда инъикос намудааст».
Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси масъалаҳои зиёд шудани маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба солҳои қаблӣ, даромади пулии аҳолӣ, музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то давраи соли 2030” ва ҳадафҳои пешбинишуда, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, судовар будани сиёсати хориҷии «дарҳои боз» ва оғоз шудани марҳилаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018- 2028 фикру андешаҳои худро баён карданд. Беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ, дарки моҳияти хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ аз ҷумлаи мавзӯъҳое буданд, ки вакилон атрофи онҳо мулоҳиза карданд.
Боиси зикр аст, ки баргузории ин гуна силсиламулоқотҳо аз ҷониби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ идома дорад.


