- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Гузаронидани маҷлиси сайёри судӣ

Дар санаи 5 январи соли 2018 дар бинои ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат маҷлиси сайёри судӣ бо парвандаи иқтисодӣ аз рӯи аризаи ҶСП “Суперпласт Плюс” нисбати ноҷагии деҳқонии “Абдуллозода”, хоҷагии деҳқонии “Мадди” ва Кумитаи идораи замини шаҳри Ваҳдат дар бораи бартараф кардани монеаги барои истифода бурдани замин бо иштироки судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалолиддин Азизӣ ва котиби маҷлиси судӣ Вализода Фаррух баргузор гардид.

Дар баробарӣ гузаронидани маҷлиси сайёри судӣ бо сокинони ҷамоати мазкур оид ба мазмуни муҳтавои Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маҷлиси Олӣ, хусусан оиди мақсаднок ва босамар истифода бурдани замин суҳбат гузаронида шуд.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ