
Имрӯз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ дар соли 2017 бо иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қаландарзода Мавлуда Сатторӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи ҳуқуқӣ Ватанзода Маҳмадалӣ Маҳмадулло, Муовинон, судяҳо, кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Таҳлили фаъолияти соли 2017 собит намуд, ки дар давраи ҳисоботи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 2081 адад парвандаҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз ин шумора 1670 адад парванда бо баровардани ҳалнома ҳал гардидааст.
Дар маҷмӯъ, дар соли равон, аз ҷониби суди марҳилаи якум, кассатсионӣ ва назоратӣ ҷамъ 2720 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 371 адад зиёд мебошад.
Ҳамзамон, дар ин муддат оид ба рӯёнидани зарар ба маблағи 903 778 793,78 сомонӣ ва 4 718 110,00 доллари ИМА талабот арз гардида, аз ин шумора аризаҳои даъвогӣ ҷамъ ба маблағи 466 468 834,90 сомонӣ ва 4 059 080,85 доллари ИМА ҷонеъ карда шуда, рӯёниши ин маблағҳо барои иҷро ирсол шудааст.
Дар ҳамин давра аз ҷониби судҳои иқтисодӣ иҷрои як қатор санадҳои судӣ таъмин гардида, ба буҷаи ҷумҳурӣ 15 156 420,95 сомонӣ ҳамчун маблағҳои боҷи давлатӣ ва зарари расонидашуда ворид карда шудааст.
Дар самти таълиму тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон судҳои иқтисодӣ саҳмгузорӣ намуда, шумораи 180 парвандаҳоро дар мурофиаҳои сайёри судӣ баррасӣ карда, бо мақсади ҷалб намудани диққати мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор ба ҳолатҳои вайронкунии қонун 68 таъинотҳои хусусӣ бароварда, аз рӯи 42 ҷамъбасти амалияҳо судӣ, ҷиҳати пешгирӣ ва ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти дахлдор 31 адад пешниҳодҳо ирсол намудаанд.
Ҳамзамон, тариқи телевизион ва радиои марказию маҳаллӣ, дар вохӯриву мулоқотҳо бо аҳолӣ 904 маротиба баромадҳо карда, дар матбуот ва сомонаҳо 95 хабару мақолаҳо ба чоп расонидаанд.
Дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ қабули шахсони воҷеӣ ва намояндагони шахсони ҳуҷуҷӣ дар рӯзи шанбе роҳандозӣ карда шуда, дар ин самт аз ҷониби роҳбарияти Суди Олии иҷтисодӣ қабули 479 нафар шаҳрвандон ва судҳои иқтисодии кишвар 489 нафар муроҷиатҳо шунида ва ҳаллу фасл гардиданд.
Натиҷаи омӯзиш ва таҳлили фаъолияти корӣ, нишон медиҳад, ки дар давраи ҳисоботӣ дар судҳои иқтисодӣ сарбории судяҳо 2720 (2349) ададро ташкил дода, бекоршавии қарорҳои судӣ 39 (35) адад ва ё 1,43% (1,48%) буда, шумораи парвандаҳо 371 адад зиёд гардидааст.
Сабабҳои бекоршавии қарорҳои судӣ таҳлил гардида, дар ин замина, дар Суди Олии иқтисодӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбият ва донишу малакаи корӣ 3 нафар судяи зиёда аз се санади судиашон бекор кардашуда ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб гардида, бобати таҳия ва қабули санадҳои қонуниву асосноки судӣ, ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ, тартиби баҳои ҳуқуқӣ додан ба далелҳои парванда ва дигар самтҳои пешбурди адолати судӣ бо омӯзиш фаро гирифта шуданд.
Илова бар ин, дар ин давра барои роҳ додан ба камбудиҳо дар фаъолияти корӣ бо Фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодӣ нисбати 4 нафар кормандони дастгоҳи суд муҷозоти интизомӣ татбиқ гардида, амали 14 нафар судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд мавриди муҳокима қарор гирифт.
Маракази матбуоти СОИ ТҶ