Раёсат дар ИДМ аз 1 январи соли 2018 аз Россия ба Тоҷикистон гузашт. Давоми як сол дар Шӯрои сарони давлатҳои иштирокчии ИДМ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раисӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки охири моҳи декабри соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар саммити ғайринавбатии ИДМ дар Москва изҳор доштанд, ки дар ҷараёни раёсати Тоҷикистон дар Иттиҳод кӯшишҳо ба самти таҳкими ҳамкории ҳарбию техникӣ, инчунин барномаи ҳамкорӣ доир ба таҳкими амнияти сарҳадӣ дар марзҳои беруна равона хоҳанд шуд. Инчунин зикр карданд, ки «таваҷҷуҳи зарурӣ ба масъалаи мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равона хоҳад шуд», АМИД “Ховар” хабар медиҳад,
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки кӯшишҳои Тоҷикистон ба ҳайси раисикунанда дар ИДМ ба густариши минбаъдаи ҳамгироии иқтисодӣ равона мегардад. Ба гуфтаи Сарвари давлат, мулоқоти сарони ҳукуматҳо ва саммити сарони давлатҳои ИДМ яке аз чорабиниҳои муҳими ҷумҳурӣ дар соли 2018 маҳсуб меёбад.
Тавре котиби кумитаи иҷроияи ИДМ Сергей Лебедев дар мусоҳиба бо «РИА Новости» иброз намудааст, консепсияи раёсати Тоҷикистон дар ИДМ дар соли 2018 баргузории маҷмӯи чорабиниҳои ба таҳкими ҳамкорӣ ва фаъолсозии равандҳои ҳамгироӣ равонашударо фаро мегирад. Ӯ изҳори боварӣ кард, ки равандҳои аз ҷониби ин консепсия муайянгардида зимни иштироки ҳавасмандонаи ҳамаи давлатҳои Иттиҳод дастгирӣ ва амалӣ мешаванд.
Ёдовар мешавем, ки Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ин мақоми олии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст, ки ба он ҳамаи сарони давлатҳои иштирокдори ИДМ шомиланд. Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ масъалаҳои муҳим- тағйирот ба оинномаи ИДМ, тағйирот ба сохтори мақомоти ИДМ-ро иҷро мекунад. Ҷаласаи Шӯро ҳамасола гузаронида мешавад. Қарори Шӯро танҳо бо ризоияти умум қабул карда мешавад, вале аъзои Шӯро ҳуқуқ доранд аз баррасии қарор худдорӣ намоянд.
Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ дар рӯзҳои охири соли 1991 таъсис ёфтааст ва он амалан Шӯрои давлатии ИҶШС-ро иваз намуд.