- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Изҳори тасаллият

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабари даргузашти бармаҳали  Исматзода Раҳматро бо андӯҳи бузург дарёфтанд.

Бо дарёфти хабар Ҳокимияти суди аз ҷумла Судҳои иқтисодӣ судяи таҷрибадор, хоксори ҳалим ва меҳрубонро аз даст доданд, ки ин талафоти калон дар ҳокимияти судӣ ба ҳисоб меравад.

Исматзода Раҳмат шахсе буданд, ки фаъолияти судягии худро ҳануз аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии судҳои иқтисодӣ оғоз намуда дар мансаби судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе, муовини Раиси суди иқтисодии шаҳри Душанбе ва зиёда аз дувоздаҳ сол дар мансаби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷқмҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Номбурда табиатан орому ботамкин, хулқу рафторашон мусби буд ва тамоми талаботҳои кодекси одоби судягиро риоя намуда пайваста баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқию сиёсии шаҳрвандон ва хусусан тарбияи шогирдон дар ҷодаи ҳуқуқшиноси намоён буданд. Ин руз шогирдони он кас дар вазифаҳои гуногуни ҳокимияти судӣ кор ва фаъолият доранд.

Хизматҳои ӯро қадр карда аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо медали хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Аммо чи илоҷ:

Ҳар яки мо медонем, ки зистан абадӣ нест, аммо дар банди ташвишҳои рӯзгор мо инро фаромӯш мекунем. Кам нестанд шахсоне, ки абадӣ набудани ҳаётро хуб мефаҳманд ва барои ҳаёт мубориза мебаранд. Шарт нест, ки табиб ё наҷотбахш, оташнишон ё муаллим бошӣ. Кофист, ки ба дунё, ба одамоне ки моро иҳота кардаанд, назар дӯзӣ ва зебоиҳои оламро эҳсос намоӣ. Хушбахтӣ ҳамин аст, хушбахтӣ дидани якдигар ва дар ғаму шодӣ бо ҳам будан аст

Роҳбарият, судяҳо ва кормандони судҳои иқтисоди андуҳи ин талафоти бе бозгаштро бо ҳам қисмат намуда дар ин лаҳзаҳои душвор ва ҳуснангез ба аҳли оила ва наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ амиқ менамоянд, ҳамзамон аз даргоҳи илоҳи хоҳони онро дорем, ки рӯҳашон шод ва ҷояшон ҷаннат бошад.

Маркази матбуоти СОИ ҶТ