Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
барои ишғоли вазифаи коромӯз – судя озмун эълон менамоянд.
Барои ишғоли вазифаи коромӯз – судя шахсе метавонад ҳуҷҷат супорад, ки танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дошта, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ ва 3 – сол собиқаи кории касбӣ дошта бошад, забони давлатиро хуб донад, синни ӯ аз 25 кам набошад.
Довталабон бояд ҳуҷчатҳои зеринро пешниҳод намоянд:
- Диплом дар бораи таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ;
- Варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- Тарҷумаи ҳол;
- Нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ;
- Нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
- Нусхаи шиноснома;
- Нусхаи шаҳодатномаи ақди никоҳ (талоқ);
- Маълумот дар бораи вазъи молу мулк;
- Маълумот дар бораи доғи судӣ надоштани худ ва хешовандони наздик;
- Нусхаи билети ҳарбӣ ё гувоҳномаи даъватшаванда;
- Хислатнома аз ҷойи кори охирин;
- Тавсия оид ба шахсият ва касбият (на кам аз 3 адад);
- Хулосаи тиббӣ оид ба вазъи саломатӣ (шакли 038 УЕ);
- 4 дона расми 3×4 см;
- Ҷузвдон (скоросшиватель);
- Лифофа (конверт).
Ҳуҷҷатҳо аз тарафи комиссияи қабул дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Неъмат Қарабоев – 1 дар ошёнаи якуми бинои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 6 декабри соли 2017 қабул карда мешавад.
Номзадҳо метавонанд оид ба шартҳои озмун дар сомонаи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.sudioli.tj ва сомонаи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.soi.tj ё бо телефони 233-89-91 маълумоти иловагӣ гиранд.