Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебуниссо Абдуллозода ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва азнавсозӣ дар як қатор муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия дидан намуданд.
Масъулин нахуст аз муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар Ҷамоати деҳоти Куруш боздид ба амал оварданд. Ин муассиса барои қабули 300 нафар кӯдак пешбинӣ шуда, айни ҳол корҳои сохтмонӣ бо суръати муайян идома доранд. Бунёди чунин иншоот ба фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин, масъулин бо ҷараёни сохтмони бинои шуъбаи маориф дар маркази шаҳраки Навкат шинос гардиданд. Зимни боздид таъкид шуд, ки бунёди бинои муосири шуъбаи маориф барои беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти соҳа, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва таъмини шароити кории муносиб барои кормандон аҳамияти муҳим дорад.
Дар идома Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебуниссо Абдуллозода ва раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 дидан намуданд. Ин муассисаи таълимӣ пурра аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ шуда истодааст. Бо анҷом ёфтани корҳои таъмиру навсозӣ, синфхонаҳо, утоқҳои корӣ ва инфрасохтори мактаб мутобиқ ба талаботи муосир гардонида мешаванд, ки барои баланд бардоштани сифати таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад.
Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ, масъулин ба сифати иҷрои корҳо, риояи муҳлат ва истифодаи дурусти маблағҳои ҷудогардида таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба пудратчиён ҷиҳати анҷоми саривақтӣ ва босифати иншоотҳо дастуру тавсияҳои мушаххас доданд.
Бояд зикр намуд, ки корҳои бунёдӣ ва азнавсозӣ дар соҳаи маорифи ноҳияи Спитамен дар доираи сиёсати иҷтимоии давлат амалӣ гардида, ба беҳтар шудани шароити таълим ва тарбия, ҳамзамон рушди соҳаи маориф дар минтақа мусоидат менамоянд.
Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбуки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.
Напечатать страницу











