- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Номгӯи саволҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ

  1. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тағйироту иловаҳо ба он.
  2. Доир ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, маълумот диҳед.
  3. Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ нисбати давлат чиро инъикос менамояд.
  4. Ки ҳуқуқи сухан гуфтан аз номи халқи Тоҷикистонро дорад.
  5. Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад.
  6. Дар бораи асоси иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва мавқеи моликияти хусусӣ.
  7. Ки шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад.
  8. Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят.
  9. Ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсиро ки дорад.
  10. Оид ба ҳизбҳои сиёсӣ ва принсипи иштироки онҳо дар идоракунии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  11. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом ҳизбҳои сиёсӣ фаъолият менамоянд.
  12. Дар кадом ҳолатҳо молу мулки шахсӣ барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад.
  13. Оид ба амалӣ намудани ҳокимияти иҷроия дар маҳал маълумот диҳед.
  14. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал дорои кадом салоҳиятҳо мебошанд.
  15. Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ.
  16. Ки ҳуқукқи интихоб шуданро ба вакили Маҷлиси намояндагон дорад
  17. Интихоби узви Маҷлиси миллӣ.
  18. Пешниҳод ва интихоби Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ чи тавр сурат мегирад.
  19. Кадом қонунҳоро мустақиман аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул мешаванд.
  20. Ҳайати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.
  21. Ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ.
  22. Низоми судӣ дар Тоҷикистон.
  23. Таъин намудан ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе чи тавр сурат мегирад.
  24. Интихоб ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ.
  25. Мӯҳлати ваколати судяҳо.
  26. Таъин ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе.
  27. Ҳайати Суди конститутсионӣ аз чанд нафар иборат аст.
  28. Ки ҳуқуқи иштирок дар раъйпурсӣ ва интихоботро дорад.
  29. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ.
  30. Салоҳияти Маҷлиси намояндагон.
  31. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд.
  32. Таъин кардани раъйпурсӣ.
  33. Дар бораи кафолати ҳифзи судӣ маълумот диҳед.
  34. Санадҳои меъёри ҳуқуқие, ки бо он ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳифз мегардад кадомҳоянд.
  35. Сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  36. Ки ҳуқуқи эълон намудани вазъияти фавқуллода дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад.
  37. Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон.
  38. Дахлнопазирии манзили шахс.
  39. Ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат.
  40. Ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи саломатӣ.
  41. Ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ.
  42. Ҳокимияти давлатӣ ва таҷзия он.
  43. Амали қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст.
  44. Намудҳои моликияти истисноии давлат.
  45. Ҳуқуқи шаҳрванд оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ.
  46. Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун.
  47. 47. Муносибати давлат бо оила.
  48. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил.
  49. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат.
  50. Маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон.
  51. Қатъ гардидани ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон .
  52. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад.
  53. Санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда мешаванд.
  54. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ.
  55. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ.
  56. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ).
  57. Мафҳуми шахси ҳуқуқӣ.
  58. Қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд.
  59. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи гражданӣ.
  60. Принсипҳои асосии қонунҳои гражданӣ.
  61. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд.
  62. Намояндагӣ дар суд.
  63. Мӯҳлати амали ваколатнома.
  64. Мафҳуми ҳуқуқи моликият.
  65. Шаклҳои моликият.
  66. Эмансипатсия чист.
  67. Мафҳуми шартнома.
  68. Навъҳои аҳдро номбар кунед.
  69. Субъектҳои ҳуқуқи моликият.
  70. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ дар чист.
  71. Судҳои иқтисодӣ кадом санадҳоро мебароранд.
  72. Дар бораи шакл ва мазмуни аризаи даъвогӣ тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  73. Кадом ҳуҷҷатҳо бояд ба аризаи даъвогӣ замима карда шаванд.
  74. Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ.
  75. Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда.
  76. Протоколи маҷлиси судӣ ва муҳлати тартиб додани он.
  77. Тартибот дар маҷлиси судии суди иқтисодӣ.
  78. Асосҳои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ.
  79. Коргузорӣ дар судҳои иқтисодӣ чи тавр сурат мегирад.
  80. Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои мехнатӣ.
  81. Мафҳуми корфармо дар муносибатхои мехнатӣ.
  82. Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ.
  83. Қабули Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи шаҳарвандӣ ва сиёсӣ ва эътирофи он аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  84. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) кай ташкил карда шуд ва аъзои он кадом давлатҳоянд.
  85. Мақсади таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид дар чи буд.
  86. Ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  87. Арзиши олӣ эътироф шудани ҳуқуқ ва озодиҳои он тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  88. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016 мухтасар маълумот диҳед.
  89. Оид ба намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016, маълумот диҳед.
  90. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» №372 аз 20 марти соли 2008 мухтасар маълумот диҳед.
  91. Дар бораи сохтор ва вазифаҳои асосии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  92. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон.
  93. Оид ба Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2022-2026, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №565, аз 30 декабри соли 2021 тасдиқ шудааст, мухтасар маълумот диҳед.
  94. Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон.
  95. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст номбар кунед.
  96. Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар мухтасар маълумот диҳед.
  97. Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» мухтасар маълумот диҳед.
  98. Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» мухтасар маълумот диҳед.
  99. Оид ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 аз 3 декабри соли 2015 қабул гардидааст, мухтасар маълумот диҳед.
  100. Дар бораи намудҳои ҷавобгарии интизомии нисбати хизматчиёни давлатӣ маълумот диҳед.