
Имрўз, дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ бо судяҳои Суди Олии иқтисодӣ, Судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2017 ва Нақшаи гузаронидани машғулияти семинарӣ бо кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва судҳои иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе дар нимсолаи дуюми соли 2017 бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе машғулияти семинарӣ доир гардид.
Дар семинари мазкур Судяи суди иқтисодии шаҳри Душанбе Баротзода З. дар мавзўи “Созиши оштӣ (тартиби қабул ва тасдиқи он)”, Судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Сафарзода Н. дар мавзўи “Баррасии баҳсҳое, ки аз муносибатҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) бармеоянд”, котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Нодирзода Ҳ. дар мавзўи “Аҳамият ва ҷойгоҳи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва сардори шуъбаи умумии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Саидзода М. дар мавзўи “нақши Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, барои тарбияи дурусти фарзандон” баромадҳо намуданд.
Ҳамчунин дар рафти семинар иштирокчиён доир ба мавзўҳои зикргардида, баҳсу мунозира намуданд ва сабабҳои тағйир ва бекоршавии санадҳои судӣ муҳокима гардиданд.
Напечатать страницу





