Мизи мудаввар мувофиқи Нақшаи тадбирҳо оид ба масъалаҳои муҳим дар соҳаи ҳуқуқӣ ва судӣ, ки гузаронидани онҳо дар солҳои 2025–2026 таҳти сарпарастӣ ва бо иштироки мақомоти судии давлатҳои аъзои ИДМ гузаронида мешавад, ки дар ҷаласаи Шӯрои раисони судҳои олии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар санаи 12 декабри соли 2024 тасдиқ карда шудааст.
Мизи мудаввар ба таври фосилавӣ тавассути видеоконфронс баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар судяҳо ва намояндагони судҳои олии Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин Раис, судяҳо ва кормандони Додгоҳи иқтисодии ИДМ ва ҳуқуқшинос, дотсенти кафедраи мурофиаи гражданӣ ва ҳуқуқи меҳнатии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Беларус иштирок намуданд.



