- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Баргузории машғулияти семинарӣ

Бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ ва амалии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ, мусоидат ба беҳтар гардидани сифати баррасии парвандаҳо, ҷорӣ намудани татбиқи дурусти меъёрҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ 28-уми ноябри соли 2025 дар толорҳои маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ машғулияти семинарӣ бо судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ, Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, Суди иқтисодии вилояти Хатлон баргузор гардид. Мувофиқи Нақшаи гузаронидани машғулиятҳои семинарӣ судяҳои Суди Олии иқтисодӣ дар мавзӯи “Баррасии парвандаҳо вобаста ба иҷрои санадҳои судии судҳои иқтисодӣ, шикоят нисбат ба қарор ва амали иҷрочиён” ва “Боби 4 Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон- Шахсони ҳуқуқӣ” баромад карда, доир ба мушкилотҳои дар амалияи судӣ ҷой дошта хулосаронӣ намуда, баҳри бартараф намудани онҳо тавсияҳои мушаххас дода шуд. Инчунин, судяҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон оид ба мавзӯҳои “Тадбирҳои таъминотии судҳои иқтисодӣ”, “Боздошти истеҳсолоти парванда дар марҳилаи якум, қатъи парванда, созиши оштӣ ”  баромадҳои пурмазмун доир намуданд.

Ҳамзамон дар рафти семинар судяи Суди Олии иқтисодӣ Одиназода Ҷ.Х. ҷамъбасти амалияи судии оид ба баррасии парвандаҳо аз рӯи ҳолатҳои навошкоршуда, ки дар солҳои 2024-2025 баррасӣ карда шудаанд, маърӯза намуда, камбудиҳои ҷойдоштаро мавриди муҳокима қарор дода, муовини Раиси Суди Олии иқтисодӣ Аминзода З.Т. ба судяҳо таъкид намуд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар оянда такрор карда нашавад ва пайваста чораҳои зарурӣ андешида шавад.
Кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ доир ба мавзӯҳои “Асосҳои ташкили судҳои иқтисодӣ, рушд ва дастовардҳои он, Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули судҳои иқтисодӣ, Усулҳои муосири ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, Шарҳи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон,Ташаккули ҳукумати электронӣ дар Тоҷикистон: дастовардҳо, мушкилот ва роҳҳои ҳалли он ” баромадҳо намуда, вобаста ба мавзӯҳои дар боло зикр гардида саволу ҷавоб сурат гирифт.
Дар охири семинар муовини якуми Раис Раҳмонзода С.С фаъолияти судҳои иқтисодиро дар моҳи октябри соли 2025 мавриди таҳлил қарор гирифта, ба судяҳои судҳои иқтисодӣ баҳри саривақт омода шудан ба ҳисоботи сол ва бо нишондиҳандаҳои баланд ҷамъбаст намудани соли равон ва дар муҳлати муқаррар намудаи қонун баррасӣ намуданӣ парвандаҳо, назоратӣ бевоситаи иҷрои санадҳои судӣ ва хушмуомила будан бо шаҳрвандон,  дастурҳои мушаххас дода шуд.