- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Иштироки номояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ

Рӯзҳои 17 – 21 ноябри соли 2025 дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария иҷлосияи 8-уми ҷаласаи тарафҳои Конвенсияи Орхус оид ба дастрасӣ ба иттилоот, иштироки ҷамъият дар ҷараёни қабули қарорҳо ва дастрасӣ ба адолати судӣ оид ба масъалаҳои муҳити зист ва иҷлосияи 5-уми ҷаласаи ҷонибдорони Протоколи Конвенсияи интиқоли моддаҳои ифлоскунанда ва партовҳо баргузор гардид, иштирок намуданд.
Мақсади асосии сафар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва табодули таҷриба бо созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иборат буда, иштирок дар он ба иштирокчиён барои муҳокимаи дастовардҳо ва мушкилот дар ҷалби самараноки ҷомеа дар пешбурди арзишҳои демократия, ҳифзи муҳити зист, иқтисодиёти даврӣ ва рушди устувор замина фароҳам овард.
Зимни чорабиниҳо як қатор қарорҳои муҳим ва барномаҳои корӣ, ки самти фаъолиятро дар доираи ин созишномаҳо муайян менамояд, қабул гардид.

Дар идомаи конфронс вохӯрии дуҷонибаи муҳим бо Раиси Суди Конститутсионии Белгия ва ҳамзамон Раиси Гуруҳи мақсаднок оид ба дастрасӣ ба адолати судӣ дар Конвенсияи Орҳус Люк Лаврисен, инчунин дар вохӯрӣ ҷалб гардиданд судяи Суди Олии Ҷумҳурии Қирғизистон Дилара Арстанбаева ва судяи Суди Олии Ҷумҳурии Корея Чулсун Шин бо намояндагони судҳои иқтисодӣ  сурат гирифт.
​Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳалли баҳсҳои судӣ оид ба масалаҳои ҳифзи муҳити зист, зарурати такмили қонунгузорӣ ва баланд бардоштани савияи дониши судяҳоро дар ин самт баррасӣ намуданд. Сафар ва мулоқоти баргузоргардида барои рушди минбаъдаи ҳифзи муҳити зист дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад.
Дар фарҷоми форум, иштирокчиён омодагии худро ҷиҳати идомаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва тақвияти мубодилаи таҷриба оид ба масъалаҳои муҳити зист изҳор намуданд.