- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ПАРЧАМ-НИШОНАИ МУҲИМИ ДАВЛАТ

Қаблан ҳамаи ҳамватанони азизро ба фарорасии “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 24 ноябр ҳамчун рӯзи ид қайд карда мешавад, муборакбод мегӯям. Меҳоҳам, ки дар ин маврид суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қайд намоям, ки гуфтааст: “Парчами давлати соҳибихтиёри мо нишонаи таъриху фарҳанги бостониву пурғановати миллати тоҷик буда, ҳар як фарди ҷомеаро вазифадор менамояд, ки нисбат ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром ва арҷ гузорад”.
Парчам ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим рамзи давлатдорӣ, шукуҳу ифтихор ва нангу номус аст. Бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳафриёт, навиштаҷот ва деворнигораҳои мухталиф, ки то имрӯз боқӣ мондаанд, аз он гувоҳӣ медиҳанд. Дар парчами ҳар давлат нишонаҳои муҳиму арзишманди фарҳангии ҳар миллат ва роҳи таърихии тайкардаи ӯ таҷассум меёбанд.
Ҳанӯз аз замонҳои қадим дар рӯи парчами мо рангу рамзҳои мухталиф тасвир карда мешудааст, ки онҳо ифодагари миллати муборизу тавоно ва худогоҳу худшинос будани тоҷикон будаанд. Дар замони Куруши Кабир тасвири уқоб дар парчам нишонаи қудрату тавоноӣ дониста мешудааст ва ҳанӯз аз он замонҳо парчам рамзи як давлати неруманду устувор ба ҳисоб мерафтааст. Ливои Коваи оҳангар нишони возеҳи матонату ҷасорат ва ҷоннисориҳои халқи тоҷик арзёбӣ мегардад.
Моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми таърихии Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар он тақдири ояндаи давлати миллии тоҷикон таҳрезӣ гардида, ба сӯи ҳадафҳои умумимиллӣ, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ қадамҳои нахустин гузошта шудаанд, баробари андешидани тадбирҳои зарурӣ доир ба таъмини сарҷаъмии мардум ва ҳифзи тамомияти арзии кишвар, инчунин, рамзҳои нахустини давлати соҳибистиқлол – Парчам ва дертар Нишон қабул карда шуданд.
Имрӯз мо он лаҳзаҳои сарнавиштсози таърихиро бо ифтихор ба хотир меорем, зеро он айём барои мо рӯзҳои аввалини эъмори сохти нави давлату давлатдорӣ ва ташаккули ҷомеаи озоди кишвар, яъне оғози марҳилаи бунёди давлати демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ҳамчун ҳадафи асосӣ ва муқаддаси халқи Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20 ноябри соли 2009, рӯзи 24-уми ноябрро “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” эълон доштанд. Хушбахтона бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ, тоҷикон соҳиби Парчами миллӣ, яъне таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшони тоҷикон гардидаанд.
Парчами миллӣ имрӯз ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзар ҳаммароми “Дирафши Ковиён”-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши серанг, ранги сурх-озодиву истиқлол, ранги сафед-сулҳу оромӣ, ранги сабз-ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи зарини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.
Дар воқеъ, парчам нишонаи муҳими давлат буда, дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, дар муносибатҳои байналмиллалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъи муҳимро иҷро мекунад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯзҳо дар баробари парчамҳои давлатии кишварҳои абарқудрати олам дар созмону ташкилотҳои бузурги байналмиллалӣ парафшон мебошад, ки ин омил боиси боз ҳам баланд гардидани обрӯ ва нуфузи Ватани азизамон дар арсаи олам ба шумор меравад.
Дар ҳамин замина, мо мардуми сарбалани Тоҷикистони биҳиштосо вазифадорем, ки дар зери Парчами давлатии худ боз ҳам бештар мутаҳҳид бошем, барои ҳимояи марзу буми Ватани азиз, пойдории давлату давлатдории навин саъю талош намоем, зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, манфиатҳои миллию давлатии худро ҳифз кунем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату сарҷамъиро таҳким бахшем, ҷойгоҳу обрӯи Тоҷикистони маҳбубро дар арсаи байналмиллӣ боз ҳам баланд бардорем.
Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишонаи давлатдории миллӣ, озодӣ ва истиқлолияти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ ба ҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандони худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.
Ҳамин тавр, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи муҳим ва симои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Мо бо ин парчам фахр дорем ва бошад, ки ин парчам то абад партавфишон бимонад.
Иди “Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муборак бошад!

Судяи Суди Олии иқтисодӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                     Одиназода Ҷ.Х