- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Парчами давлатӣ рамзи соҳибистиқлолии давлат.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, имрӯз мо иди пуршукӯҳ, яъне рӯзи қабули яке аз рамзҳои давлатӣ – парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифта истодаем. Тазаккур бояд дод, ки тибқи муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ аст. Парчами давлатӣ тамоми сокинони кишварро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи  дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъйу талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ раҳнагун месозад.
Бо дидану шунидан ва ба забон овардани вожаҳои Ватан, Парчам, Нишон, Суруди миллӣ, Забони давлатӣ, Президент, марзу буми Тоҷикистон касро беихтиёр ҳисси меҳанпарастию ифтихор аз Ватану ватандорӣ фаро мегирад ва чунин эҳсосоти гарм, махсусан дар замони соҳибистиқлоли Тоҷикистони азиз, зери мавҷҳои  Парчами давлатӣ боз ҳам фараҳбахшу гуворо ба ҷилва  меоянд. Аҳамият ва зарурияти Парчами давлатиро ба назар гирифта, давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ барои таҳия ва қабул гардидани Парчами давлатӣ гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда буданд.
Санаи 24 ноябри соли 1992 гуруҳи корӣ оид ба таҳияи рамзҳои нави давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, ба Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардида буд, Парчами нави давлатиро ба муҳокимаи вакилони халқ пешниҳод намуданд. Ҳамон лоиҳаи Парчами давлатӣ, ки таҷҷасумгари таърих, фарҳанг ва арзишҳои миллии халқамон мебошад ва имрӯз мо онҳоро дар Парчами давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебинем, дар Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон бо сарварии раиси нав интихобгардидаи Шӯрои Олии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷониби вакилони халқ якдилона барои қабул намудани он ҳамчун Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон овоз дода шуд. Бояд қайд намоям, ки вобаста  ба тартиби истифодабарии Парчами давлатии Тоҷикистон 11 декабри соли 1992 «Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 12-майи соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ, садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармон  аз 20  ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябрро рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон доштанд ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро ба парлумони кишвар пешниҳод намуданд. Боиси хушҳолист, ки бо қабули Қонуни мазкур ҳар сол 24 ноябр ҳамчун рӯзи Парчами давлатии бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози худ ҷашн гирифта мешавад.
Ба хотири мақому манзалати Парчам дар рукни давлатдорӣ Сарвари давлат ғояи бунёди манораи бузурги Парчамро пешниҳод намуданд, ки аз тарафи умум ҷонибдории комил ёфт. Дар дуюмин солгарди Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон маросими бунёди  манораи бузурги Парчам оғоз гардида, дар давоми як сол ба анҷом расид. Дар бунёди он бинокорони корхонаи «Алюминсохтумон» ва ширкати байналмиллали «Трайдент Саппот» заҳмати зиёд кашида, санъати баланди касбӣ нишон доданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки 30-юми августи соли 2011 дар маркази шаҳри . Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165метр., ки баландтарин дар ҷахон аст, парафшон гардид. Баландии худи Парчам 30 метр  ва дарозии он 60м мебошад. Дар охир аз фурсати бароям муяссар шуда, рӯзи Парчами давлатро ба ҳамаи шумо ҳамватанони азиз шодбош гуфта, бароятон чихеле, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: «Сари ҳамчун парчам баланду, рӯи чун парчам сурх, рӯзгори мисли парчам сабзу бахти чун парчам сафед орзу менамоям». Бигзор, ҳамеша Парчами давлатӣ – парчами фатҳу кушоиш ва саодату сарфарозии миллату давлати тоҷик парафшон бошад!
Ватанро дӯст доред,рамзҳои онро эҳтиром намоед ва барои шукуфоии Тоҷикистон саҳм гузоред.

 

 

Котиби марҳиллаи кассатсиони
раёсати коргузорӣ ва назоратӣ:                                       Раҳмонализода Т.Р