“Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими Истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми Тоҷикистон мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон аз давлату давлатдорӣ, иттиҳоду иттифоқи миллати тоҷик, рамзи қуввату тавоноӣ, ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва муқаддасоти миллии мост, ки дар худ ормонҳои дирӯзу имрӯз ва фардои дурахшони миллати соҳибтамаддуну шарафманди тоҷикро ифода намудааст.
Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз идҳои расмӣ ба ҳисоб рафта, ҳар сол 24 ноябр ҷашн гирифта мешавад. Асосҳои ҳуқуқии Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш аз ҳама Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 ноябри соли 1994 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз 12 майи соли 2007 ташкил медиҳад. Дар моддаи 3 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки “Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст”. Боби дуюми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст, тартиби афрохтани Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар менамояд.
Моддаи 18 Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар кардааст, ки Парчаму Нишони давлатӣ ва Суруди Миллӣ рамзҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дахлнопазирии онҳоро қонун ҳимоя менамояд. Дар моддаи 342 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои “Таҳқир кардани рамзҳои давлатӣ” ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда шудааст.
Бинобар ин, дар қатори дигар рамзҳои муқаддаси миллӣ, арҷгузорӣ ба парчам ва ба ҷо овардани эҳтироми он қарзи ҳар як шаҳрванди бовиҷдони Тоҷикистон ба шумор меравад. Парафшонии Парчами миллӣ дар баландии 165 метр дар пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе боиси ифтихори ҳар фарди Ватандӯсти мамлакат гардидааст. Маҳз бо парафшонии ин рамзи муқаддас мо ҳоло пояҳои давлати соҳибистиқлоламонро таҳким бахшида, барои ба як мулки ободу пешрафта табдил додани Тоҷикистони маҳбубамон саъю талош карда истодаем.
Дар фарҷом Рӯзи Парчами давлатиро ба Шумоён ва ба тамоми сокинони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба хонадони ҳар яки Шумо бахту иқбол ва ба давлати соҳибистиқлолу озодамон амнияту осоиш ва рушди устувор орзу менамоям.
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Мутахассиси пешбари
шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ
ва мураттабсозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ Раҳимзода Ф.Д.