- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Президенти мо- Ифтихори мо

Мардуми тамаддунофари тоҷик ҳамасола 16-уми ноябрро ҳамчун рӯзи таърихӣ ва ҷашни фархундаву рӯзафзун мутантан ҷашн мегиранд. Дар таърихи халқи тоҷик кам касоне ҳастанд, ки ба монанди абармарде чун Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар ҷодаи таърих боқӣ мондани миллати мо саҳми худро гузошта бошанд.
Барои мардуми шарафманди тоҷик иқболи азимест, ки дар даврони рӯзгори нобасомон ва шикастаруҳӣ тақдир башорати баргузории Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби фарзанди фарзонаи халқ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадияи таърих ва пайки фараҳбахшу наҷот муяссар гардонид. Дар он рӯзҳои басо мушкил барои мардуми тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, дар дили мардум умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ҷо намуданд. Танҳо лаҳзаи нобасомниҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва хизматҳои шабонарӯзии онвақтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пеши назар овардан кофӣ аст, то ба қадри сулҳу субот ва Сарвари дурнигар бирасем. Дар давраи нофаҳмиву зудбоварӣ, гаравишу пайравӣ, мазҳабпарастӣ, эътиқоду эътимоди ноҷо, таъсири мафкураи пасти қолабии баъзе руҳониёни аз бартариҳои дунявият ноогоҳ ба зеҳни мардум сабаби сарзании муноқишаҳо шуданд. Муноқишаҳое, ки ҳисороти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро ба дунбол дошт. Кишвар ба гирдоби тӯфону кашмакашиҳо ва нофаҳмиву нобасомониҳо кашида шуд. Фазои ноороми онвақтаи сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву маънавии кишварро танҳо сулҳу субот, ваҳдату ягонагӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонист ором ва истиқлолиятро устувор созад. Маҳз, хaлқи тоҷик сaрвaри хирaдмaнде чун Пешвои миллaт муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон дaр он солҳои мудҳиш вa ноором бa бaхти бaлaнди худ пaйдо нaмекaрду мaсъулияти идорaи дaвлaтро бaр дӯш гирифтa, бaр ивaзи ҷонбозиҳо отaши ҷaнгро хомӯш вa сулҳу вaҳдaтро пойдор нaменaмуд, бa гумони ғолиб aйни ҳол мо дaр чунин дaвлaти озоду пешрaфтa зиндaгӣ нaдоштем. Аз ин ҷост, ки имрӯз баҳои баландтарин ба фарзанди фарзонаи миллатамон сазовор шудан ба боварии халқ, маъво гирифтан ба дили вай аст, ки хушбахтона ин ба Пешвои маҳбубамон ба пуррагӣ насиб гаштааст

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                         Баротзода Зумрад,