- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбии ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

14-уми ноябр дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири адлияи мамлакат Музаффар Ашуриён ва иштироки аъзоёни Шӯро ҷаласаи Шӯрои ҷумҳуриявии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбии ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа гузоришҳо оид ба вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, оид ба ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайрокуниҳо дар байни аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи ҳамкории шаҳрвандон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо ва инчунин ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ, варзишию фарҳангӣ дар самти пешгирии нашъамандӣ ва оид ба самаранокии барномаҳои махсуси телевизионии «Мурофиа», «Ҳуқуқи Шумо», «Ҳукм» шунида шуд.
Дар ҷаласа аз ҷониби аъзоёни Шӯро ҷиҳати тасдиқи нақшаи Шӯро барои соли 2026 вазифагузорӣ карда шуда, таклифу пешниҳодҳо манзур гардиданд.

Манбаъ: Аз саҳифаи фесбуки Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон |