- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ДАР СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ИҶЛОСИЯИ ХVI ШӮРОИ ОЛӢ ЧОРАБИНИИ СИЁСӢ БАРГУЗОР ГАРДИД

14 ноябри соли 2025 бо ташаббуси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ дар мавзуи “Иҷлосияи тақдирсоз, интихоби Президент, наҷоти миллат ва эҳёи давлат” чорабинии васеи сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло, иштирокчии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои олӣ Ахмедов Аламхон Ахмедович ва кормандони дасгоҳи судҳои иқтисодӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола 16-уми ноябр дар саросари кишвар бо як шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад, таҳният намуда, иброз доштанд, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки бо сиёсати сулҳҷӯёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пайравӣ ва дастгириҳои родмардони асили ватан аз ин сиёсати абармарди миллат ба даст омадааст, ҳамчун таҷрибаи нодири расидан ба сулҳу субот эътироф гардида, дар байни кишварҳои ҷаҳон омӯхта, барои ба даст овардани сулҳ дар кишварҳои худ мавриди татбиқ қарор мегиранд.

Тазаккур дода шуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷaшни эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини кишвар, таъмини сулҳу ваҳдату ягонагии мардуми сарзамин ва болоравии нуфузу мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва рӯзи худшиносиву худогоҳӣ, ҷaшни ягонaгӣ вa ҷaшни пойдориву устувории дaвлaт мебошaд, ки онро бо ҳисси бaлaнди ифтихору сaдоқaт тaҷлил менамоем.
Сипас, дар идомаи чорабанӣ иштирокчии Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олӣ Ахмедов Аламхон Ахмедович сухан намуда, қайд намуд, ки бо пош хӯрдани давлати абарқудрати Шӯравӣ ба кандашавии робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва дигар муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо давлатҳои пасошӯравӣ боис гардид. Ин омил  тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакатро ба бӯҳрони шадид дучор намуд.  Ғайр аз ин, якбора боло рафтани рӯҳияи озодфикрию гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси гуруҳу ҷунбишҳои гуногун,  надоштани таҷрибаи кофии сиёсии идории кишвари соҳибихтиёр аз ҷониби роҳбарони давр ба авҷи майдоншиниҳо, хатари парокандашавии миллат, тамомияти арзӣ ва ҷудоиандозии минтақаҳои кишвар боис гардид.
Ин иҷлосия  дар қалби ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шӯълаи умедро ба сӯйи фардои неки давлатдории миллӣ, таъмини рӯзгори босаодату пурнишоти мардуми кишвар фурӯзон намуд. Бузургтарин дастоварди ин иҷлосияи тақдирсоз он буд, ки ба бахти миллионҳо нафар тоҷикони дунё фарзанди баору номус, далеру ҷасур, покзамиру нексиришт  ва дорои ифтихори баланди миллӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Роҳбари давлат ба майдон омаданд.  Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шарофати  дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат корҳои созандагиву бунёдкорӣ  дар кишвар вусъат дода, роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро пеш гирифта, дар як муҳлати кутоҳи таърихӣ соҳиби муқаддасоти миллӣ Конститутсия, Парчам ва Нишони давлатӣ,  Суруди миллӣ, пули миллӣ ва тамоми рукнҳои давлатдориро соҳиб гашт.
Чорабинӣ дар фазои идона ва гарму самимӣ бо қисмати фарҳангӣ ба итмом расида, баёнгари эҳтироми хосса ва заҳмати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид.