Боздиди роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Спитамен

Бо мақсади шиносоӣ аз ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самадзода Бахтиёр ҳамроҳ бо раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода аз як қатор иншоотҳои ҷашнӣ ва заминҳои кишоварзии ноҳия боздид ба амал оварданд.
Зимни боздид, масъулин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ, аз ҷумла мактаб, кӯдакистон, маркази хизматрасонӣ, майдони варзишӣ ва дигар биноҳои ҷашнӣ, дидан намуда, бо масъулони соҳа суҳбат карданд. Самадзода Бахтиёр ба сифати баланди иҷрои корҳои сохтмонӣ, истифодаи масолеҳи босифат ва риояи муҳлати анҷоми корҳо таъкид намуда, зикр дошт, ки ҳамаи иншоотҳо бояд то ҷашни бузурги миллӣ пурра омода ва ба истифода дода шаванд.
Раиси ноҳияи Спитамен Темурҷон Нӯмонзода дар ҷараёни боздид иттилоъ дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар ҳудуди ноҳия даҳҳо иншооти нави иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ бунёд гардида, як қатор иншооти мавҷуда таъмиру азнавсозӣ шуда истодаанд.
Ҳамчунин, дар рафти сафар роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва раиси ноҳия аз заминҳои кишти такрорӣ дидан намуда, бо деҳқонон ва масъулони соҳаи кишоварзӣ суҳбат карданд. Таъкид гардид, ки истифодаи самараноки замин, кишти такрорӣ ва татбиқи усулҳои муосири агротехникӣ барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар аҳамияти калидӣ доранд.
Самадзода Бахтиёр аз заҳматҳои роҳбарияти ноҳия, фаъолони ҷамоатҳо ва сокинони заҳматкаш барои саҳмашон дар корҳои созандагию бунёдкорӣ изҳори сипос намуда, таъкид дошт, ки саъю кӯшиши содиқонаи ҳар як шаҳрванд дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва ободии Ватан саҳми арзанда мегузорад.

Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбуки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен. 

Напечатать страницу Напечатать страницу