Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин таъмини иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №177 аз 4 апрели соли 2017 “Дар бораи саривақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018’’ вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барк ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он, бо фармоиши Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нақшаи чорабиниҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ карда шудааст.
Бобати таъмини иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои мазкур ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 18 октябри соли 2017 дар саҳни ҳавлии бинои Суди Олии иқтисодӣ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ва ҳайати хизматрасонии техникии он маҳсулоти озукавории авалия аз қабили картошка ва пиёз дастрас карда шуд.
Роҳбарияти Суди Олии иқтисодӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба захира намудани маҳсулоти хурокворӣ барои кормандон дар мавсими зимистон чораҷуиро идома медиҳад.