8-уми августи соли 2025 дар шаҳри Ваҳдат таҳти раисии судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қ.Қ., бо иштироки ёрдамчии судя Фарҳодзода В.Ф. доир ба парвандаи иқтисодӣ маҷлиси сайёри судӣ гузаронида шуд.
Баъд аз анҷоми маҷлиси сайёри судӣ аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодӣ Муминзода Қ.Қ., бо иштироки ёрдамчии судя Фарҳодзода В.Ф. бо кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ баргузор намуда, бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо ҳайати кормандони Мақомти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат дар мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи анзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” , Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” аҳамият ва манфиати он суҳбат ороста ба саволҳои иштирокчиён посухҳои мушаххас доданд.

