Бо мақсади иҷрои пурраи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд: “то 15-уми сентябри соли 2025 оид ба ташкил намудани рӯзҳои шанбеи ҳар ҳафта ҳашарҳо ташкил ва баргузор карда шуда дар вазорату идораҳо корҳои ободонию созандагӣ, тозагӣ, таъмиру тармими биною иншоот, роҳҳо, кӯчаҳо, маҳаллаҳо, деҳаҳо ва манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон анҷом дода шаванд”.
Дар ин ҷараён рӯзи 9-уми августи соли ҷорӣ бо иштироки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ дар саҳни бинои суд ва атрофи он шанбегии дастаҷамъона гузаронида шуд. Ҳайати кормандон сарҷамъона ба ҳашар баромада, ба тозакунии бинову гулгашти гирду атрофи суд саҳм гузоштанд.
Чун анъанаи неки шаҳрдорӣ дар корҳои ободонӣ рӯзҳои шанбе аҳли кормандон, ҷиҳати тозаю озода нигоҳ доштани гӯшаву канори бинои суд бо ташаббусҳои созанда дар ин рӯзҳо бо мақсади боз ҳам зебову дилрабо гардидани симои пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе иштирок менамоянд.


