Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 июли соли 2025 баён гардиданд, гурӯҳи корӣ дар ҳайати намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен аз шаҳраки Навкат, Ҷамоати деҳоти Куруш ва Ҷамоати деҳоти Турсун Ӯлҷабоев боздид ба амал оварданд.
Ба ҳайати гурӯҳи корӣ намояндагони Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Самадзода Бахтиёр – роҳбари дастгоҳ, Нусратуллоев Сабрулоҳ – мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсус, Абдураҳимзода Шамсиддин – сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ ва мураттабсозии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, Шарипов Дилшод – ёрдамчии судя ва Наимов Алишер – ёрдамчии раис шомил буданд.
Зимни боздид ва мулоқот бо сокинон ва масъулини маҳаллӣ як қатор масъалаҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ба аҳамияти истифодаи самаранок ва сарфакоронаи нерӯи барқ таъкид гардида, муҳтавои қонунгузории амалкунанда дар самти ҷавобгарӣ барои истифодаи ғайриқонунӣ, талаф ва дуздии нерӯи барқ тавзеҳ дода шуд.
Ҳамчунин, ҷараёни дарав ва ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, омодагиҳо барои сазовор пешвоз гирифтани Рӯзи дониш, беҳбуди шароити зисту зиндагонии сокинон ва ташкили ҳашарҳои ободонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Масъулини гурӯҳи корӣ изҳор доштанд, ки чунин вохӯриҳо ба ҳалли мушкилоти мавҷуда, баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҳуқуқии аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои миёни сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа мусоидат хоҳанд кард.
: Манбаъ: Аз саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен.











