- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

Номгӯи саволҳои озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ дар судҳои иқтисодӣ

  1. Доир ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, маълумот диҳед.
  2. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кай бо кадом тарз қабул гардидааст, ба он кай ва чанд маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд?
  3. Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нисбати давлат чиро инъикос менамояд?
  4. Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
  5. Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
  6. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он чигуна арзёбӣ мегардад?
  7. Кӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
  8. Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят, чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва онро кадом мақомот қабул мекунад?
  9. Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?
  10. Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси кадом принсип дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд?
  11. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад?
  12. Дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад?
  13. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад?
  14. Мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал дар доираи салоҳияти худ чиро таъмин мекунад?
  15. Кадом намуди таълим ҳатмист?
  16. Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не?
  17. Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст?
  18. Оё санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгариро пурзур мекунад, қувваи бозгашт дорад?

19.Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?

  1. Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
  2. Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъин шуда метавонанд?
  3. Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
  4. Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди кӣ ва аз тарафи кадом мақомот интихоб мешаванд?
  5. Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
  6. Доир ба Раёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аъзои он маълумот диҳед?
  7. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
  8. Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро дорад?
  9. Низоми судӣ дар Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
  10. Кӣ ҳуқуқи ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ва таъин шуданро дорад?
  11. Кӣ ҳуқуқи ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шуданро дорад?
  12. Мӯҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?
  13. Киҳо метавонанд ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе таъин шаванд?
  14. Суди конститутсионӣ аз чанд нафар иборат аст?
  15. Шаҳрванд аз синни чандсолагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ ва интихобот иштирок карданро дорад?
  16. Салоҳияти Маҷлиси миллиро номбар кунед.
  17. Салоҳияти Маҷлиси намояндагонро номбар кунед.
  18. Кӣ метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад?

38.Салоҳияти Президентро аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.

  1. Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
  2. Кӣ ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
  3. Кафолати ҳифзи судӣ чи маъно дорад?
  4. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳифз мегарданд?
  5. Кӣ ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надорад?
  6. Тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандон иҷрои кадом вазифаҳо вогузор карда шудааст?
  7. Дар кадом ҳолатҳо шахс ба кофолати таъмини иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад?
  8. Ҳокимияти судӣ аз номи кӣ амалӣ мегардад?
  9. Доир ба сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
  10. Дар кадом ҳолат вазъияти фавқуллода эълон мегардад?
  11. Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
  12. Дахлнопазирии манзили шахс чист?
  13. Доир ба ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат маълумот диҳед.
  14. Ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи саломатӣ кадомҳоянд?
  15. Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси кадом равияҳо инкишоф меёбад?
  16. Мафкураи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳ метавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад?
  17. Ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ чӣ маъно дорад?
  18. Ҳокимияти давлатӣ дар асоси кадом таҷзия амалӣ мегардад?
  19. Дар кадом ҳолат қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, амал мекунанд?
  20. Кадом намуди моликият моликияти истисноии давлат мебошад?
  21. Доир ба ҳуқуқи шаҳрванд оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ маълумот диҳед.
  22. Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун чӣ маъно дорад.
  23. Муносибати давлат бо оила чӣ гуна аст?
  24. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил чӣ маъно дорад?
  25. Ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат чӣ маъно дорад?
  26. Кӣ ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад?
  27. Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал кӣ амалӣ мегардонад?
  28. Шаҳрванд метавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад?
  29. Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди кӣ ва аз тарафи чӣ гуна маҷлис ҳал карда мешавад?
  30. Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кадом ҳолат қатъ мегардад?
  31. Санадҳои ҳуқуқие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, кадомҳоянд?
  32. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кӣ бо кадом тарзу муҳлат интихоб мешавад?
  33. 71. Интихоби Президент дар кадом вақт боэътимод шумурда мешавад?
  34. 72. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
  35. 73. Судя метавонад вазифаи дигареро иҷро намояд?
  36. 74. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санади ҳуқуқиро қабул менамояд?
  37. 75. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он чигуна арзёбӣ мегардад?
  38. 76. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот ва дар кадом ҳолат сурат мегирад?
  39. 77. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ аз чӣ борат аст?
  40. 78. Кадом қонунҳо тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судиро ба танзим медароранд?
  41. 79. Ҳуқуқи дахлнопазирии судяро шарҳ диҳед.
  42. 80. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ кадомҳоянд?
  43. 81. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ)-ро шарҳ диҳед.
  44. 82. Мафҳуми шахси ҳуқуқиро шарҳ диҳед.
  45. 83. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандро шарҳ диҳед, қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд кай ба миён меояд ва кай қатъ мегардад?
  46. 84. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи маданиро номбар кунед?
  47. 85. Принсипҳои асосии қонунҳои маданӣ кадомҳоянд?
  48. 86. Намояндагӣ дар мурофиаи судии иқтисодӣ чист?
  49. 87. Ваколатнома чист?
  50. 88. Муҳлати амали ваколатнома чанд вақт аст?
  51. 89. Муҳлатро дар қонун чӣ тавр муайян менамоянд?
  52. 90. Муҳлати даъво чӣ маъно дорад?
  53. 91. Мафҳуми ҳуқуқи моликиятро шарҳ диҳед.
  54. 92. Шаклҳои моликиятро номбар кунед.
  55. 93. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусиро шарҳ диҳед.
  56. 94. Эмансипатсия чист?
  57. 95. Мафҳуми шартномаро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
  58. 96. Мафҳуми аҳдро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
  59. 97. Навъҳои аҳдро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.
  60. 98. Шартномаи қарз ва кредитро аз руи муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, доир ба фарқияти он маълумот диҳед.
  61. 99. Субъектҳои ҳуқуқи моликиятро номбар кунед.
  62. 100. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ кадомҳоянд?
  63. 101. Ки ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суди иқтисодиро дорад?
  64. 102. Санадҳои судӣ дар мурофиаи иқтисодиро номбар кунед.
  65. 103. Доир ба мустақилияти судяҳо маълумот диҳед.
  66. 104. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ чӣ маъно дорад?
  67. 105. Асосҳо барои рад кардани судя кадомҳоянд?
  68. 106. Далелҳо дар мурофиаи иқтисодӣ кадомҳоянд?
  69. 107. Тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда дар мурофиаи судии иқтисодӣ киҳоянд?
  70. 108. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогиро тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
  71. 109. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд, кадомҳоянд?
  72. 110. Муҳлати қабули аризаи даъвогӣ чанд рӯз аст?
  73. 111. Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ чанд моҳ аст?
  74. 112. Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда кадомҳоянд? 113. Протоколи маҷлиси судӣ чигуна ҳуҷчат аст, дар кадом муҳлат ва аз ҷониби кӣ тартиб дода мешавад?
  75. 114. Тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда дар суди иқтисодӣ кадом ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳоро доранд?
  76. 115. Прокурор доир ба кадом парвандаҳо дар мурофиаи судии иқтисодӣ иштирок менамояд?
  77. 116. Асосҳо барои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ кадомҳоянд?
  78. 117. Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои меҳнатӣ кадомҳоянд?
  79. 118. Мафҳуми корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ чист?

119.Мафҳуми шартномаи (қарордоди) меҳнатиро шарҳ диҳед.

  1. Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро шарҳ диҳед.
  2. 121. Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ кадомҳоянд?
  3. 122. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ кай қабул карда шудааст ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
  4. 123. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кай қабул карда шудааст ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
  5. 124. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – чӣ гуна иттиҳод аст, кай таъсис ёфтааст ва аз кадом давлатҳо иборат мебошад?
  6. 125. Кафолати байналхалқӣ чӣ гуна санади ҳуқуқии байналхалқӣ мебошад?
  7. 126. Конвенсияи байналхалқӣ чӣ гуна намуди шартномаи байналхалқӣ мебошад?
  8. 127. Созмони Милали Муттаҳид чӣ гуна ташкилот аст, кай таъсис ёфта ва мақсади он аз чӣ иборат мебошад?
  9. 128. Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълмуот пешниҳод намоед.
  10. 129. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
  11. 130. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016, намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро шарҳ диҳед.
  12. 131. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
  13. 132. Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №599, аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст, маълумот пешниҳод намоед.
  14. 133. Дар бораи Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод намоед.
  15. 134. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар кунед ва шарҳ диҳед.
  16. 135. Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маълумот пешниҳод намоед.
  17. 136. Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» маълумот диҳед.
  18. 137. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед.
  19. 138. Хизмати давлатӣ ба кадом принсипҳо асос меёбад, номбар кунед.
  20. 139. Низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
  21. 140. Асос барои қатъ гардидани хизмати давлатӣ кадомҳоянд, номбар кунед.
  22. 141. Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон ва мардонро шарҳ диҳед.
  23. 142. Доир ба истеъфои хизатчии давлатӣ маълумот диҳед.
  24. 143. Хизматчии давлатӣ кадом уҳдадориҳоро дорад, доир ба уҳдадориҳои асосӣ ва иловагии хизматчии давлатӣ маълумот пешниҳод намоед?
  25. 144. Хизматчии давлатӣ кадом ҳуқуқҳоро дорад?
  26. 145. Доир ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 аз 3 декабри соли 2015 тасдиқ гардидааст, маълумот диҳед.
  27. 146. Ба хизматчии давлатӣ кадом намуди ҷавобгарии интизомӣ муқаррар карда шудааст?
  28. 147. Категорияи мансабҳои хизматчиёни давлатии маъмуриро номбар кунед.
  29. 148. Нисбат ба довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ кадом талаботи тахассусӣ муқаррар карда шудааст?
  30. 149. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати кадом шахс ва чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?
  31. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбати кадом шахс ва чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?