- Доир ба моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқеи он дар низоми санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, маълумот диҳед.
- Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон кай бо кадом тарз қабул гардидааст, ба он кай ва чанд маротиба тағйироту иловаҳо ворид карда шудаанд?
- Соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона нисбати давлат чиро инъикос менамояд?
- Кӣ аз номи тамоми халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад?
- Дар Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар кадом асос ва принсип амалӣ мегардад?
- Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он чигуна арзёбӣ мегардад?
- Кӣ шаҳрванди Тоҷикистон ҳисоб меёбад?
- Асоси гунаҳкор ҳисобидани шахс дар содир намудани ҷиноят, чӣ гуна ҳуҷҷат аст ва онро кадом мақомот қабул мекунад?
- Дар Тоҷикистон ҳуқуқи иштирок дар интихобот ва раъйпурсӣ, аз синни чандсолагӣ муайян карда шудааст?
- Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси кадом принсип дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон иштирок мекунанд?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чанд ҳизби сиёсӣ амал мекунад?
- Дар кадом ҳолат молу мулки шахс барои эҳтиёҷоти ҷамъият гирифта мешавад?
- Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал ки амалӣ мегардонад?
- Мақомоти намояндагӣ ва иҷроия дар маҳал дар доираи салоҳияти худ чиро таъмин мекунад?
- Кадом намуди таълим ҳатмист?
- Надонистани қонун ҷавобгариро истисно мекунад ё не?
- Дар кадом ҳолат ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандро маҳдуд кардан мумкин аст?
- Оё санади меъёрии ҳуқуқие, ки ҷавобгариро пурзур мекунад, қувваи бозгашт дорад?
19.Мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузор дар ҷумҳурӣ кадом аст?
- Киҳо вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуда метавонанд?
- Киҳо узви Маҷлиси миллӣ интихоб ва таъин шуда метавонанд?
- Киҳо наметавонанд узви Маҷлиси миллӣ бошанд?
- Раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди кӣ ва аз тарафи кадом мақомот интихоб мешаванд?
- Кадом қонунҳо танҳо аз тарафи Маҷлиси намояндагон мустақиман қабул мегарданд?
- Доир ба Раёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аъзои он маълумот диҳед?
- Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
- Кадом мақомот ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро дорад?
- Низоми судӣ дар Тоҷикистонро шарҳ диҳед?
- Кӣ ҳуқуқи ба вазифаи судяи Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе интихоб ва таъин шуданро дорад?
- Кӣ ҳуқуқи ба вазифаи судяи Суди конститутсионӣ интихоб шуданро дорад?
- Мӯҳлати ваколати судяҳо чанд сол аст?
- Киҳо метавонанд ба вазифаи судяҳои шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон, вилоят ва шаҳри Душанбе таъин шаванд?
- Суди конститутсионӣ аз чанд нафар иборат аст?
- Шаҳрванд аз синни чандсолагӣ ҳуқуқи дар раъйпурсӣ ва интихобот иштирок карданро дорад?
- Салоҳияти Маҷлиси миллиро номбар кунед.
- Салоҳияти Маҷлиси намояндагонро номбар кунед.
- Кӣ метавонад ба номзадии Президент пешниҳод гардад?
38.Салоҳияти Президентро аз рӯи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.
- Рамзҳои давлатии Тоҷикистон кадомҳоянд?
- Кӣ ҳуқуқи таъин кардани раъйпурсиро дорад?
- Кафолати ҳифзи судӣ чи маъно дорад?
- Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо кадом санадҳои меъёри ҳуқуқӣ ҳифз мегарданд?
- Кӣ ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок карданро надорад?
- Тибқи конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаи шаҳрвандон иҷрои кадом вазифаҳо вогузор карда шудааст?
- Дар кадом ҳолатҳо шахс ба кофолати таъмини иҷтимоӣ ҳуқуқ дорад?
- Ҳокимияти судӣ аз номи кӣ амалӣ мегардад?
- Доир ба сохтори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот диҳед.
- Дар кадом ҳолат вазъияти фавқуллода эълон мегардад?
- Дахлнопазирии ҳудуди Тоҷикистон чӣ маъно дорад?
- Дахлнопазирии манзили шахс чист?
- Доир ба ҳуқуқи шаҳрванд ба меҳнат маълумот диҳед.
- Ҳуқуқи шаҳрванд ба ҳифзи саломатӣ кадомҳоянд?
- Дар Тоҷикистон ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси кадом равияҳо инкишоф меёбад?
- Мафкураи ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳаракат ва гурӯҳ метавонад ба ҳайси мафкураи давлатӣ эътироф карда шавад?
- Ҳуқуқи инсон ба зиндагӣ чӣ маъно дорад?
- Ҳокимияти давлатӣ дар асоси кадом таҷзия амалӣ мегардад?
- Дар кадом ҳолат қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, амал мекунанд?
- Кадом намуди моликият моликияти истисноии давлат мебошад?
- Доир ба ҳуқуқи шаҳрванд оид ба иштирок дар ҳаёти сиёсӣ маълумот диҳед.
- Баробарии шаҳрвандон дар назди қонун чӣ маъно дорад.
- Муносибати давлат бо оила чӣ гуна аст?
- Ҳуқуқи шаҳрвандон ба манзил чӣ маъно дорад?
- Ҳуқуқи шаҳрвандон ба истироҳат чӣ маъно дорад?
- Кӣ ҳуқуқи ташаббуси пешниҳод оид ба ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дорад?
- Ҳокимияти иҷроияро дар маҳал кӣ амалӣ мегардонад?
- Шаҳрванд метавонад дар як вақт узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бошад?
- Масъалаи маҳрум намудани дахлнопазирии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди кӣ ва аз тарафи чӣ гуна маҷлис ҳал карда мешавад?
- Ваколати узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон дар кадом ҳолат қатъ мегардад?
- Санадҳои ҳуқуқие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул менамояд, кадомҳоянд?
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кӣ бо кадом тарзу муҳлат интихоб мешавад?
- 71. Интихоби Президент дар кадом вақт боэътимод шумурда мешавад?
- 72. Ҳокимияти маҳаллӣ аз кадом мақомотҳо иборат мебошад?
- 73. Судя метавонад вазифаи дигареро иҷро намояд?
- 74. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кадом санади ҳуқуқиро қабул менамояд?
- 75. Асоси иқтисодиёти ҷумҳуриро чӣ ташкил медиҳад ва мавқеи моликияти хусусӣ дар он чигуна арзёбӣ мегардад?
- 76. Таъин намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи кадом мақомот ва дар кадом ҳолат сурат мегирад?
- 77. Вазифаҳои ҳокимияти судӣ аз чӣ борат аст?
- 78. Кадом қонунҳо тарзи ташкил ва фаъолияти ҳокимияти судиро ба танзим медароранд?
- 79. Ҳуқуқи дахлнопазирии судяро шарҳ диҳед.
- 80. Асосҳои ба миён омадани ҳуқуқу уҳдадориҳои маданӣ кадомҳоянд?
- 81. Мафҳуми шаҳрванд (шахси воқеӣ)-ро шарҳ диҳед.
- 82. Мафҳуми шахси ҳуқуқиро шарҳ диҳед.
- 83. Мазмуни қобилияти ҳуқуқдории шаҳрвандро шарҳ диҳед, қобилияти ҳуқуқдории шаҳрванд кай ба миён меояд ва кай қатъ мегардад?
- 84. Намудҳои объектҳои ҳуқуқи маданиро номбар кунед?
- 85. Принсипҳои асосии қонунҳои маданӣ кадомҳоянд?
- 86. Намояндагӣ дар мурофиаи судии иқтисодӣ чист?
- 87. Ваколатнома чист?
- 88. Муҳлати амали ваколатнома чанд вақт аст?
- 89. Муҳлатро дар қонун чӣ тавр муайян менамоянд?
- 90. Муҳлати даъво чӣ маъно дорад?
- 91. Мафҳуми ҳуқуқи моликиятро шарҳ диҳед.
- 92. Шаклҳои моликиятро номбар кунед.
- 93. Мафҳум ва шаклҳои моликияти хусусиро шарҳ диҳед.
- 94. Эмансипатсия чист?
- 95. Мафҳуми шартномаро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
- 96. Мафҳуми аҳдро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
- 97. Навъҳои аҳдро тибқи Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон номбар кунед.
- 98. Шартномаи қарз ва кредитро аз руи муқаррароти Кодекси мадании Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ дода, доир ба фарқияти он маълумот диҳед.
- 99. Субъектҳои ҳуқуқи моликиятро номбар кунед.
- 100. Вазифаҳои мурофиаи судии иқтисодӣ кадомҳоянд?
- 101. Ки ҳуқуқи муроҷиат кардан ба суди иқтисодиро дорад?
- 102. Санадҳои судӣ дар мурофиаи иқтисодиро номбар кунед.
- 103. Доир ба мустақилияти судяҳо маълумот диҳед.
- 104. Ошкоро будани муҳокимаи судӣ чӣ маъно дорад?
- 105. Асосҳо барои рад кардани судя кадомҳоянд?
- 106. Далелҳо дар мурофиаи иқтисодӣ кадомҳоянд?
- 107. Тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда дар мурофиаи судии иқтисодӣ киҳоянд?
- 108. Шакл ва мазмуни аризаи даъвогиро тибқи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳ диҳед.
- 109. Ҳуҷҷатҳое, ки ба аризаи даъвогӣ замима карда мешаванд, кадомҳоянд?
- 110. Муҳлати қабули аризаи даъвогӣ чанд рӯз аст?
- 111. Муҳлати баррасии парванда дар суди иқтисодӣ чанд моҳ аст?
- 112. Асос барои мавқуф гузоштани муҳокимаи парванда кадомҳоянд? 113. Протоколи маҷлиси судӣ чигуна ҳуҷчат аст, дар кадом муҳлат ва аз ҷониби кӣ тартиб дода мешавад?
- 114. Тарафҳо ва шахсони иштирокчии парванда дар суди иқтисодӣ кадом ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳоро доранд?
- 115. Прокурор доир ба кадом парвандаҳо дар мурофиаи судии иқтисодӣ иштирок менамояд?
- 116. Асосҳо барои беҳаракат монондани аризаи даъвогӣ кадомҳоянд?
- 117. Вазифаҳои асосии корманд дар муносибатхои меҳнатӣ кадомҳоянд?
- 118. Мафҳуми корфармо дар муносибатҳои меҳнатӣ чист?
119.Мафҳуми шартномаи (қарордоди) меҳнатиро шарҳ диҳед.
- Тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро шарҳ диҳед.
- 121. Асосҳо барои бекор кардани шартномаи меҳнатӣ кадомҳоянд?
- 122. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳарвандӣ ва сиёсӣ кай қабул карда шудааст ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
- 123. Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ кай қабул карда шудааст ва аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон кай эътироф карда шудааст?
- 124. Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) – чӣ гуна иттиҳод аст, кай таъсис ёфтааст ва аз кадом давлатҳо иборат мебошад?
- 125. Кафолати байналхалқӣ чӣ гуна санади ҳуқуқии байналхалқӣ мебошад?
- 126. Конвенсияи байналхалқӣ чӣ гуна намуди шартномаи байналхалқӣ мебошад?
- 127. Созмони Милали Муттаҳид чӣ гуна ташкилот аст, кай таъсис ёфта ва мақсади он аз чӣ иборат мебошад?
- 128. Дар бораи ҳуқуқи инсон тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълмуот пешниҳод намоед.
- 129. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ (қонунҳо) ва барномавӣ (консепсияҳо, стратегияҳо, барномаҳо) доир ба ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
- 130. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» №1339 аз 23 июни соли 2016, намудҳои муроҷиат, шаклҳои муроҷиат ва муҳлати баррасии муроҷиатҳоро шарҳ диҳед.
- 131. Механизмҳои (роҳҳои) миллии ҳифзи ҳуқуқи инсонро номбар кунед.
- 132. Дар бораи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №599, аз 27 ноябри соли 2019 тасдиқ шудааст, маълумот пешниҳод намоед.
- 133. Дар бораи Эъломияи Куруши кабир ва дигар сарчашмаҳои ҳуқуқии таърихи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон маълумот пешниҳод намоед.
- 134. Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ вобаста ба соҳаи ҳуқуқи инсон, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, номбар кунед ва шарҳ диҳед.
- 135. Дар бораи Эъломияи умумии ҳуқуқи башар маълумот пешниҳод намоед.
- 136. Доир ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат» маълумот диҳед.
- 137. Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» маълумот диҳед.
- 138. Хизмати давлатӣ ба кадом принсипҳо асос меёбад, номбар кунед.
- 139. Низоми хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳед.
- 140. Асос барои қатъ гардидани хизмати давлатӣ кадомҳоянд, номбар кунед.
- 141. Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон ва мардонро шарҳ диҳед.
- 142. Доир ба истеъфои хизатчии давлатӣ маълумот диҳед.
- 143. Хизматчии давлатӣ кадом уҳдадориҳоро дорад, доир ба уҳдадориҳои асосӣ ва иловагии хизматчии давлатӣ маълумот пешниҳод намоед?
- 144. Хизматчии давлатӣ кадом ҳуқуқҳоро дорад?
- 145. Доир ба Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №591 аз 3 декабри соли 2015 тасдиқ гардидааст, маълумот диҳед.
- 146. Ба хизматчии давлатӣ кадом намуди ҷавобгарии интизомӣ муқаррар карда шудааст?
- 147. Категорияи мансабҳои хизматчиёни давлатии маъмуриро номбар кунед.
- 148. Нисбат ба довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ кадом талаботи тахассусӣ муқаррар карда шудааст?
- 149. Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нисбати кадом шахс ва чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?
- Барои риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» нисбати кадом шахс ва чӣ гуна ҷавобгарӣ муқаррар карда шудааст?
Напечатать страницу