Ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳалаи тақдирсози таърихӣ ҳамчун омили нерӯманди иттиҳоди ҷомеаи мо хизмати бузургу пурарзишро анҷом дод. Ва имрӯз вақти он расидааст, ки омӯзиши ваҳдати миллӣ ба сифати унсури меҳварии худшиносӣ ва тафаккури миллӣ ҳамаҷониба таҳқиқ ва тарғиб карда шавад.
Сатҳи зиндагӣ, маърифату ҷаҳонбинӣ ва худшиносиву ғурури миллии мо пайваста такомул ёфта, назария ва амалияи давлатдории Тоҷикистони озоду демократӣ дар ҷаҳони муосир эътироф шуда, мақому манзалати шоистаи худро пайдо намудааст, ки боиси ифтихори ҳамаи мо мебошад.
Имрӯз аз файзу баракати истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо азму иродаи қавӣ ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад.
Маврид ба зикр аст, ки имрӯз консепсияи ваҳдати миллӣ чун қисми таркибиву тавонбахши тафаккури миллӣ эътироф гардида, ҳар як шаҳрванди кишвар ба қадри ин неъмати муттаҳидсози ҷомеа расад ва онро гиромӣ дорад.
Роҳи бунёди давлати озоду ҳуқуқбунёд ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, ки мо бо он устуворона пеш рафта истодаем, воқеан далели барҷастаи пирӯзии ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулгароӣ, ягонагии халқ ва ҳокимияти сиёсӣ маҳсуб меёбад. Ин дастоварди нодир ҳоло ба ҳайси ҷузъи таркибии суннати таҳаммулгароӣ дар пешрафти ҳаёти сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварамон нақши бузург дорад.
Ҳамагӣ хуб дар ёд дорем, ки давлати тозаистиқлоли мо дар оғози солҳои 90-уми асри гузашта ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гирифтор шуда, тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ фалаҷ гардид ва давлатро буҳрони амиқи сиёсӣ фаро гирифт.
Чунин вазъ хатари заволи давлат ва парокандагии миллатро пеш оварда буд. Хушбахтона, бо такя ба сабақҳои таърих ва хиради мардуми фарҳангсолори тоҷик, талоши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқи тоҷик муяссар шуд, ки дар муддати кӯтоҳ пеши роҳи низоъи даҳшатноки дохилиро гирад, барои интихоби низоми давлатдории муосир ва рушди мамлакат заминаи мусоид фароҳам оварад. Мардуми соҳибмаърифати мо таҳти парчами ваҳдату ягонагии миллат ба ҳам омада, ваҳдати миллиро ҳамчун шарти асосии пешрафти ҷомеа пазируфтанд ва барои ҳифзу таҳкими ин арзиши гаронбаҳо то ба имрӯз бо камоли ғайрату матонат азму талош варзида истодаанд.
Мардуми шарафманди Тоҷикистон дарк намуданд, ки танҳо дар фазои сулҳу ваҳдати миллӣ ва тавассути заҳмати ватандӯстона метавон давлати тозаистиқлоли хешро ба давлати ободу тарақикарда мубаддал гардонид ва барои наслҳои оянда як кишвари воқеан мутараққӣ ва мутамаддинро ба мерос гузошт.
Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон аз зумраи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди қабулу омӯзиш қарор гирифт.
Ваҳдати миллӣ дар таърихи навини давлатдории миллати тоҷик бозёфти арзишмандтарин мебошад, зеро он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт.
Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ пандест аз гузаштаи дурру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмии истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.
Бинобар ин, ваҳдати миллиро, бешубҳа, метавон ҳамчун самараи талошҳои хурду бузурги Ватани азизамон маънидод кард ва маҳз ба ҳамин хотир, ҳар яки мо вазифадорем, ки онро мисли гавҳараки чашм ҳифзу нигоҳдорӣ намоем.
Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзозода Н.