- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ҚОНУНИ ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ — ҚАДАМИ ҶИДДӢ БА СӮИ ТАРБИЯИ ҶОМЕАИ АРЗИШМАНД ВА ТАЪМИНИ ИҚТИСОДИ МУСТАҲКАМ

Дар низоми муосири давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ҳамчун як иқцоми муассир ва саривақтии сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, ҷиҳати таҳкими арзишҳои фарҳанги миллӣ, боло бурдани сатҳи маънавиёт ва ҳифзи манфиатҳои иҷтимоии аҳолӣ, арзиши бузург дорад.

Қонуни мазкур, ки аз санаи 8-уми июни соли 2007 мавриди амал қарор гирифтааст, дар натиҷаи таҳлили амиқи вазъи иҷтимоию иқтисодии кишвар ва анъанаҳои фарҳангии мардум ба вуҷуд омада, заминаҳои мустаҳками ҳуқуқиро барои тартиб додани маросиму маъракаҳо дар доираи қобилияти воқеии шаҳрвандон фароҳам меорад. Ин қонун бо дарназардошти ниёзҳои ҷомеа ва арзишҳои милливу инсонӣ роҳандозӣ шудааст ва татбиқи он манфиатҳои амалӣ ва ахлоқии назаррасро таъмин мекунад.

Муқаррароти қонун дар бораи маҳдуд намудани хароҷоти зиёдатӣ ва ҷорӣ намудани меъёрҳои оддӣ барои баргузории маъракаҳо на танҳо дар самти коҳиши исрофкорӣ, балки барои бозгардонидани муҳтавои маънавии ҷашнҳо аҳамияти хос дорад. Масалан, муайян шудани тартиби гузаронидани хатнасур, тӯй, азодорӣ ва дигар маросим, имкон фароҳам овард, ки ҷанбаҳои фарҳангӣ ва ахлоқии онҳо афзалият пайдо кунанд ва ҷанбаҳои зоҳирпарастона коҳиш ёбанд.

Тибқи таҳлилҳои мақомот, татбиқи қонун боиси сарфа гардидани маблағ дар сатҳи хонаводаҳо гардид, ки ин маблағҳо метавонанд ба самтҳои муҳимтарини рушди иҷтимоии оила равона карда шаванд — аз ҷумла, таълиму тарбия, беҳдошти тандурустӣ ва дастгирии ҷавонон. Дар давоми солҳои охир, маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар натиҷаи риояи ин қонун сатҳи издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфта, маърифати оиладорӣ байни ҷавонон баланд шудааст.

Бисёр давлатҳои мусулмонӣ ва ҳатто кишварҳои дунявии Осиё ба тартиб додани маъракаҳои иҷтимоӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд. Масалан, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Малайзия ва ҳатто баъзе иёлати Ҳиндустон низ бо мақсади коҳиши фишори иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ба аҳолӣ, тадбирҳои ҳуқуқие ба мисли маҳдуд кардани шумораи меҳмонон ва хароҷоти издивоҷ татбиқ мешаванд. Дар Арабистони Саудӣ ҷиҳати коҳиши шумораи анъанаҳои гаронбаҳо роҳандозии маъракаҳои оммавии никоҳи дастаҷамъона таҷриба шудааст, ки ба танзими ҷомеа мусоидат намоянд.

Қонуни мазкур ҳамчун воситаи муҳими сиёсати давлатӣ дар самти тарғиби одобу ахлоқи ҳамида, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии шаҳрвандон ва коҳиши хурофоту таассуб амал мекунад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва фишорҳои иттилоотии гуногун, ҳифзи арзишҳои аслии фарҳанги миллӣ ва исломии мардуми Тоҷикистон тавассути чунин санади ҳуқуқӣ аҳамияти тақдирсоз касб мекунад.

Дар татбиқи қонун нақши комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ муҳим аст. Ин сохторҳо на танҳо назорат мебаранд, балки вазифаи муҳимтар — тавзеҳу фаҳмондани мазмуну аҳамияти қонунро бар дӯш доранд. Дар ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва аҳли зиё, ин комиссияҳо метавонанд ҷиҳати ташаккули маърифати ҳуқуқӣ ва ахлоқии аҳолӣ замина гузоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим» намунаи барҷастаи муносибати масъулона ва дурбинонаи давлат нисбат ба танзими ҳаёти иҷтимоии ҷомеа мебошад. Дар шароити рушди устувори кишвар, ин қонун метавонад ҳамчун як унсури устуворкунандаи арзишҳои миллӣ ва як муҳаррики ҳамбастагии иҷтимои хидмат кунад.

Бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои муваффақ ва хоси миллии Тоҷикистон, таҳкими минбаъдаи заминаҳои ҳуқуқӣ, ташвиқи фарҳанги риояи қонун ва дастгирии сиёсати маърифатӣ метавонад татбиқи ҳамаҷонибаи ин қонунро таъмин намояд. Танҳо ҷомеае, ки ба танзими худ ва арзишҳои худ эҳтиром мегузорад, метавонад дар шароити муосир мақому манзалати худро ҳифз намояд ва дар самти пешрафт бо қадамҳои устувор равона гардад.

Судяи
Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Қаландарзода М. С.