- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР – ОМИЛИ РУШДИ УСТУВОР

Саноатикунонӣ омили асосии пешбарандаи иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бунёди корхонаҳои гуногуни саноатӣ, суръати рушди иқтисодиётро такони ҷиддӣ бахшида, барои расидан ба ҳадафҳои дигари иҷтимоӣ заминаи устуворро муҳайё месозад.

Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмуъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст.

Рушди иқтисодиёти миллӣ ва саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Ба таври назаррас мо имрӯз мушоҳида мекунем, ки соҳаи саноат дар кишвари мо рушд карда истодааст. Маълум аст, ки саноат дар иқтисодиёти миллӣ мавқеи муҳимро ишғол менамояд. Иқтидори иқтисодиёти ҳар мамлакат бо дарназардошти рушди соҳаи саноат баҳо дода мешавад. Дар замони муосир наќши саноатикунонӣ њамчун омили нигоњдорї ва афзоиши бемайлони иќтисоди кишварњо (ММД) боз њам баланд мешавад. Барои афзоиши устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳи саноатикунонии доимӣ, аз ҷумла истеҳсол дар соҳаи таҷҳизоти саноатиро (истеҳсоли воситаҳои истеҳсолот) афзоиш додан лозим аст.

Саноатикунонӣ икдоми зарурӣ дар роҳи пешрафти иқтисодиёт мебошад. Дар робита ба ин қайд намудан ба маврид аст, ки барои расидан ба рушди соҳаи саноат бояд масъалаҳои муҳиме ҳаллу фасл карда шаванд. Барои расидан ба иқтисодиёти пешрафта ва махсусан саноати рушдёфта мебояд заминаҳои рушди он муҳайё бошанд.

Бо мақсади ба кишвари саноатӣ мубаддал кардани Тоҷикистон ва бо дарназардошти афзоиши ҳиссаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи чоруми стратегияи миллиро саноатикунонии босуръати кишвар эълон намуданд.

Имрӯз, мо сиёсати дурбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳандозӣ ва амалӣ гардидани ҳадафи чорум, баръало ҳис намуда, шоҳиди зина ба зина ба яке аз давлатҳои пешрафтаву дорои иқтисодиёти мустаҳкам мубаддал гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем, чунки аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардани кишвар ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, инчунин истиқлолияти комили энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ албатта такони ҷиддӣ дар самти саноатикунонии кишвар мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар асоси дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола барои ба кор андохтани иқтидорҳои нав дар соҳаи саноат ва истифодаи самараноки корхонаҳои мавҷуда, ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, тақвияти имкониятҳои содиротии кишвар барои саноатикунонии босураъат заминаи мусоид фароҳам оварда шуд.

Бо шарофати сиёсати бобарори Ҳукумати кишвар рушди соҳаҳои воқеӣ, фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва воридоти технологияҳои нави инноватсионӣ имкон фароҳам овард, ки раванди саноатикунонии мамлакат густариш пайдо карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва шумораи ҷойҳои нави корӣ мунтазам афзоиш ёбад.

Саноатикунонии иқтисоди ҷумҳурӣ омилҳои зиёди таъсир ба рушди иқтисодию иҷтимоии кишварро дорад. Дар навбати аввал он боиси фароҳам омадани ҷойҳои фаровони корӣ гардида, мушкилоти бекориро коҳиш медиҳад, инчунин, ҳолати вобастагӣ аз маҳсулоти воридотиро аз байн мебарад. Гузашта аз ин, базаи иҷтимоии давлат аз ҳисоби коргарони саноатӣ мустаҳкамтар шуда, бо ин роҳ сафи мутахассисони баландпояи соҳаи саноат меафзояд. Саноатикунонии босуръати мамлакат, яъне бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори соҳа барои боз ҳам баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон шароити воқеӣ фароҳам меорад.

Зиёд шудани корхонаҳои соҳаи саноат ба рушди деҳот низ таъсири куллӣ мерасонад. Дар ин масъала оқилона ва бо дарназардошти ҷойгиршавии қувваҳои корӣ бунёд намудани корхонаҳои саноатӣ дар деҳот аҳамияти хосса пайдо мекунад. Дар рафти амалисозии барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, тавре таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлуҳои дигари раванди саноатикунонӣ низ рӯшан мешаванд, зеро ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон.

Бояд қайд намуд, ки дар соҳаи саноати кишвар айни замон “Стратегияи миллии рушди истеҳсолу коркарди пахта ва саноати нассоҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2040”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2023 тасдиқ гардидааст амал менамояд, ки бо мақсади амалигардонии имконияту иқтидорҳои истеҳсолӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, беҳтар гардонидани сифати молу маҳсулот ва хизматрасониҳо, кам кардани хароҷоти барзиёд, дурусту мақсаднок истифода намудани ашёи хоми пахта, содда ва шаффоф гардонидани тартиби танзими фаъолияти соҳибкорӣ ва аз байн бурдани монеаҳои маъмурӣ, ба таъмини ҷанбаҳои рақобатпазирии саҳаҳои саноат, ташкилшавии корхонаҳои нави истеҳсолӣ, таъсисёбии ҷойҳои нави корӣ, талабот ба касбҳои нав ва гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ замина мегузорад.

Ҳадафи асосии Стратегияи мазкур:

-таъмини рушди устувори мамлакат аз ҳисоби гуногуннамудии соҳаҳои саноати нассоҷӣ, тағйир додани мақоми соҳаи саноат аз соҳаи истеҳсолкунанда ба содиркунандаи ашёи хом;

-баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва коҳиш додани камбизоатӣ;

-қатъи раванди ғайрисаноатикунонии иқтисодиёт дар самти суръатафзоии рушди саноати нассоҷӣ ва аз кишвари агросаноатӣ ба индустриалию аграрӣ табдил додани Тоҷикистон;

-аз байн бурдани ақибмонии техникӣ, технологӣ ва иқтисодӣ, ташаккули иқтисодиёт бо сатҳи миёнаи рушд;

-ба раванди ҷаҳонишавии иқтисодӣ ҳамроҳ гардонидани саноати сабуки мамлакат, ноил шудан ба рақобатпазирии баланди маҳсулоти соҳа дар бозорҳои хориҷи кишвар.

Дар рафти амалисозии барномаи саноатикунонии босуръати кишвар, тавре таҷрибаи ҷаҳонии саноатикунонӣ нишон медиҳад, паҳлуҳои дигари раванди саноатикунонӣ низ рӯшан мешаванд, зеро ин таҷрибаи навест дар роҳи пешрафти иқтисодии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, барои бунёди корхонаҳои саноатӣ маҳалҳои ҷойгиршавиии ашёи хом, инфрасохтор ва мавҷудияти қувваи корӣ аҳамияти ҳалкунанда доранд. Дар ин маврид барои роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо зарур аст, ки ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим дар самти бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барқарорсозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда ва ташкили ҷойҳои корӣ чораҳои мушаххас андешанд.

Дар баробари ин, дар раванди саноатикунонии иқтисодиёт, пеш аз ҳама, бояд ба сохтмони корхонаҳои бахши саноати сабук, аз қабили коргоҳҳои бофандагию ресандагӣ ва коркарди ашёи хоми кишоварзӣ афзалият дода шавад. Дар ин самт масъалаи бозомӯзии коргарони соҳавӣ тавассути курсҳои кӯтоҳмуддат ба миён меояд. Зеро саноатикунонӣ дар роҳи пешбурди иқтисоди кишвар заминаҳои илмию ихтисосиро тақозо мекунад.

Барои дар амал татбиқ кардани ҳадафи стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ-саноатикунонии кишвар, яъне аз кишвари аграрӣ- саноатӣ ба индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши корхонаҳои азими тавлидкунандаи маводи хӯрокворӣ, коркарду бастабандии маҳсулоти кишоварзӣ, ресандагию бофандагӣ, алюминӣ, маъданҳои кӯҳӣ ва масолеҳи сохтмонӣ хеле калон аст. Татбиқи стратегияи санотикунонии кишвар имкон медиҳад, ки дар корхонаҳои истеҳсолӣ ашёи хоми маҳаллӣ то ҳадди ниҳоӣ дар ватани мо коркард карда шуда, ба содирот маҳсулоти тайёри ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмиллалӣ бо тамғаи истеҳсоли Тоҷикистон равона карда шавад.

Олимони соҳа таъкид мекунад, ки истеҳсолоти саноатӣ дурнамои пешбарандаи иқтисоди миллӣ ба шумор рафта, таъминкунандаи шуғли аҳолӣ, сарчашмаи асосии даромади буҷети давлатӣ ва дар маҷмӯъ омили муҳимтарини ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ мебошад, ки дар заминаи он сатҳи зиндагии мардум баланд гардида, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш меёбад.

Бояд ќайд намуд, ки њаљми истењсоли мањсулоти саноатї сол аз сол тамоюли мусбї дошта, рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмуъ, ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд. Вобаста ба ин, бахши коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноати мамлакат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд. Зарур аст, ки захираҳои дохилӣ ашёи хоми мавҷуда то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонида шуда, давра ба давра талаботи дохилӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ таъмин карда шавад. Ин тадбир дар баробари пешгирии хуруҷи асъори хориҷӣ давлати воридкунандаро бомаром ба давлати содиркунандаи маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода, инчунин вобастагии мамлакатро аз таъсири омилҳои беруна коҳиш медиҳад. Дар сурати ноустуворӣ дар бозорҳои беруна, муътадилии низоми иқтисодӣ, аз ҷумла нархҳои маҳсулоти асосӣ дар бозори дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.

Судяи Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон:                     Раҳимзода Х.А.