- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ТАҚВИЯТИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ: ОМИЛҲОИ РУШД ВА РАВАНДҲОИ НАВИН

Иқтисодиёти ҳар як кишвар ҳамчун заминаи асосии пешрафти он арзёбӣ мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ тавонист дар соҳаҳои муҳими рушди миллӣ, бахусус саноат, энергетика, тандурустӣ ва бозори меҳнат, пешравиҳои назаррас ба даст орад. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз тамоми захираҳо ва имкониятҳои мавҷуда сиёсати устувори рушдро пеш бурда, барои ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии худ — саноатикунонии босуръат, таъмини истиқлоли энергетикӣ ва амнияти озуқаворӣ — тадбирҳои муассир меандешад.

Барои таҳкими иқтидори саноатии кишвар истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва рушди истеҳсолоти дохилӣ аз аҳамияти аввалиндараҷа бархӯрдор мебошад. Дар ин самт, Ҳукумати Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса ба зиёд кардани ҳаҷми истеҳсолоти саноати коркард, афзоиши арзиши иловашудаи молҳои саноатӣ ва тақвияти рақобатнокии маҳсулоти ватанӣ зоҳир менамояд. Ин раванд бо таҳкими заминаи ҳуқуқӣ ва ҳифзи манфиатҳои соҳибкорон мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ҳамоҳанг карда мешавад.

Бо мақсади коҳиш додани содироти ашёи хом ва афзоиши маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор, барои рушди маҷмааҳои соҳавӣ ва татбиқи технологияҳои навин тадбирҳои мушаххас меандешад. Ҳамзамон, санадҳои танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ», ба рушди соҳа мусоидат мекунанд. Ин иқдомҳо на танҳо ба болоравии истеҳсолот, балки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва густариши бозори дохилӣ мусоидат мекунанд.

Ҳукумати мамлакат барои расидан ба истиқлоли энергетикӣ бо истифода аз тамоми имкониятҳои мавҷуда, махсусан рушди манбаъҳои «энергияи сабз», чораҳои муассирро пайваста амалӣ менамояд. Таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум», сохтмони неругоҳи «Себзор» ва оғози бунёди неругоҳи барқи офтобӣ дар вилояти Суғд далели равшани ин талошҳоянд.

Имрӯзҳо сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад беш аз 9 миллиард сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудо гардидааст. Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд ҳамкориҳои судмандро барои ҷалби маблағҳои имтиёзнок идома медиҳад. Ин раванд бо такя ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи энергетика», танзим гардида, барои ҷалби сармояи хориҷӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Тандурустӣ ҳамчун бахши муҳим дар сиёсати иҷтимоии кишвар мавқеи хоса дорад. Ҳукумати Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ пайваста маблағгузорӣ ва тадбирҳои зарурӣ меандешад. Танҳо дар соли 2025 -ум барои соҳаи тандурустӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ 4, 3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 840 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар солҳои охир биноҳои муосири Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, беморхонаҳо ва марказҳои тиббӣ бо шароити муосир сохта ва бо таҷҳизоти пешрафта таъмин карда шудаанд. Илова бар ин, татбиқи барномаҳои миллӣ дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла «Барномаи миллӣ оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ», шароити беҳтари хизматрасонӣ ва сатҳи баланди тандурустиро таъмин менамояд.

Дар шароити муосири рушди ҷаҳонӣ, Тоҷикистон бо татбиқи сиёсати иқтисодии мутавозин ва устувор ба пешравиҳои назаррас ноил мегардад. Бо такя ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва татбиқи чораҳои муассир дар соҳаҳои саноат, энергетика ва тандурустӣ, кишвар метавонад дар ояндаи наздик ба ҳадафҳои стратегии худ ноил гардад. Муҳим он аст, ки ҳамкории самарабахши байни бахши давлатӣ ва хусусӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва рушди устувори инфрасохторӣ ҳамчун омили муҳими пешрафти иқтисодӣ идома ёбад. Танҳо бо чунин муносибат мо метавонем дар шароити рақобатпазирии глобалӣ мавқеи устувори худро ҳифз намуда, сатҳи зиндагии шаҳрвандонро боз ҳам баланд бардорем.

Ёрдамчии судя дар Суди Олии
иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидзода В.Б