Дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин ва иҷрои дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат дар ин самт, дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Семинар-машварати ҷумҳуриявии кишоварзон ва мулоқот бо фаъолон масъулин дар ноҳияи Данғара аз ҷониби судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддини Н.Б. роҳбари дастгоҳ Самадзода Б.Қ., ёрдамчии судя Шарифзода Х. ва мутахассиси пешбар Эркабоев М. дар толори маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб бо аҳли ҷамоатчигӣ, раисони маҳалла ва ходимони дин вохурии судманд анҷом доданд.
Зимни вохӯрӣ судяи Суди Олии иқтисодӣ Нуриддинӣ Нурулло таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба риояи ҳатмии қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, танзими маъракаҳо, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кудак ва дигар масъалаҳои ҳуқуқӣ ҷалб намуд.
Ҳамчунин масъалаи дар сатҳи баланд доир намудани чорабиниҳои сиёсӣ, ҳамзамон пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, никоҳи хешутаборӣ, истифодаи сару либоси бегона ва тарғиби тарзи ҳаёти солим мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Роҳбари дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ Самадзода Бахтиёр дар робита ба ноил гардидан ба истиқлоли энергетикӣ, сарфаҷӯйи ва истифодаи самараноки неруи барқр, ҳамзамон пешгирии талафоти зиёди неруи барқ, хусусан, талафоти ғайритехникӣ ва истифодаи ғайриқонунии он ибрози назар карда, вобаста ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи энергетика ва истифодаи неруи барқ, инчунин пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ дар ҳар оила ва баланд бардоштани фарҳанги истифодаи неруи барқ аз ҷониби сокинон сухан гуфт.
Дар ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби сохторҳои идеологии ноҳия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дуруст ва самаранок истифода бурдани неруи барқ, расонидани муҳтавои тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятӣ, пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти истифодаи қувваи барқ ва риояи талаботи қонунгузорӣ дар ин самт мунтазам дар байни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда мешаванд.
Дар чорабинӣ ҳамзамон аз сокинон риояи қатъии қонунномаҳои миллӣ, меъёрҳои сандаҳои ҳуқуқи ва иҷрои талаботҳои қонун дар кору зиндагӣ тақозо карда шуд.
Дар фарҷом миёни намояндагони мақомти қудратӣ ва сокинон муколама ва табодули афкор сурат гирифт.
Напечатать страницу


