Ваҳдати миллӣ муҳимтарин дастоварди бузург ва муққадаси миллати мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба ҳисоб рафта, нақши бузургеро дар сарҷаъмии миллат ва пойдории давлат гузоштааст.
Ваҳдат дар зиндагии инсон ва дар ҳаёти ӯ нақши меҳварӣ ва боарзиш дорад.
Ваҳдат падидаест, ки дар он тамоми музаффариятҳои зиндагӣ таҷассуми худро ифода мекунанд.
Алббата, вақте ки сухан дар бораи ваҳдат меравад, ба сари ҳар як фарди худогоҳ савол ба миён меояд, ки ваҳдат чист?
Ваҳдат ҳамдилӣ, иттиҳод, сулҳ, хушбахтӣ, сарфарозӣ, пешравӣ, комёбӣ ва сари баланди миллат, саодати зиндагӣ, ягонагӣ, сарҷаъмӣ, ҳамфикрӣ, набзи ҷомеа, таҳкимдиҳанда ва ташаккулдиҳандаи давлату давлатдорист.
Таърих гувоҳ аст, ки 28–сол қабл, 27–уми июни соли 1997 фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси баланди меҳанпарастӣ, бо меҳри ватандӯстию сулҳхоҳӣ, баъд аз нофаҳмиҳо ва даргириҳои таҳмилӣ дар натиҷаи музокироти сулҳ ба ин кашмакашиҳо хотима гузоштанд. Созишномаи умумиистиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид.
Ин санад ифодакунандаи қатъи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оғози ҳаёти осоиштаи Тоҷикистонро инъикос менамуд.
Маҳс бо кӯшишҳои шабонарӯзии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ гардид, мамлакат обод шуду пеш рафт. Барои бунёди рӯзгори ободу осудаи ҷомеа заминаи воқеи гузошта шуд. Сулҳу ваҳдати тоҷикон на танҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили насли ҷавони тоҷик умедро ба ояндаи нек, хушбахтӣ, саодат, некномӣ ва ваҳдати ногусастанӣ зинда намуд.
Чуноне ки мо медонем, меъмори Ваҳдати миллӣ–Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсиятӣ барҷастаи таърихии миллат буда, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб шуданд ва дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу Ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ Сарвари давлатамон нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуд.
Дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъриху фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз кардаанд.
Ҳамин аст, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гардид.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат рамзи пойдориву бардавоми давлатдории мустақили тоҷикон, сулҳу Ваҳдати миллӣ, кафили рушди босубот ва устувори ҷомеаи Тоҷикистон мебошанд.
Имрӯз иттифоқ будани миллати тоҷик, пешравии кишвари биҳиштосои мо буда, меҳмоннавозии халқи инсондӯсти мо мамлакатҳои бурунмарзиро дар ҳайрат гузошта, таҷрибаи ваҳдати тоҷикон мавриди омӯзиши институтҳои байналмиллалӣ қарор дорад.
Боиси сарбаландӣ ва хушнудист, ки миллати тоҷик ва Тоҷикистон имрӯз намунаи ибрат дар саросари кишварҳои мутамаддин гардидааст. Танҳо бо роҳи ваҳдату ягонагӣ метавон истиқлолияту ободии меҳан ва амну осоиштагии мардумро аз ҳама хавфу хатар эмин нигоҳ дошт. Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо паси сар мешаванд. Рӯзгори мардум рӯ ба беҳбуди меорад, кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад.
Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ аст, ки сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ, пешрафту тараққиёт, ободии давлату миллат ва зиндагии шоиста мардум таъмин аст.
Ваҳдат оғози ҳамаи созандагиву ободкориҳо, ибтидои суботи сиёсиву иҷтимоӣ, некӯаҳволии рӯзгори ободу осудаи мардум ва эҳёи худшиносию худогоҳӣ ва роҳ ба суи фардои дурахшон аст.
28 – солгарди Ваҳдати миллӣ муборак!
Ёрдамчии муовини якуми
Раиси Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматзода М.