Ҳамасола 23 май дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз на танҳо василаи арҷгузорӣ ба насли ҷавон, балки як имконият барои гузоштани саҳми арзандаи ҷавонон дар ҷомеа ва таҳкими мавқеи онҳо дар рушди мамлакат мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки:
“Ҷавонон бояд қувваи асосии созанда ва бунёдкор бошанд. Ояндаи давлату миллат дар дасти ҷавонони соҳибмаърифат ва ватандӯст аст”.
Зеро ҷавонон нерӯи пешбарандаи ҷомеаанд. Онҳо метавонанд бо ташаббус, дониш, масъулиятшиносӣ ва ҷаҳонбинии васеъ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши муассир гузоранд. Аз ин рӯ дар замони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои ҷавонон пайваста бештар гардида, барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди нерӯи зеҳнӣ ва маънавии ҷавонон шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Имрӯз ҷавонони тоҷик дар пайрави аз сиёсати Пешвои миллат дар сафи пеши илму фарҳанг, варзишу ҳунар ва соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ қарор доранд. Онҳо бо дастовардҳои назаррас дар олимпиадаҳои байналмилалии илмӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва ташаббусҳои иҷтимоии Тоҷикистон иштирок ва миллатро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ мекунанд.
Ҳамзамон бояд қайд кард, ки ҷалби ҷавонон дар хизмати давлатии низоми судӣ низ назаррас буда, аз шумораи умумии кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳури 66 нафар ё 50,7% – ро ташкил медиҳад, ки саҳми онҳо дар таъмини адолати судию иҷтимоӣ назаррас мебошад.
Рӯзи ҷавонон на танҳо як рӯзи ҷашн, балки рӯзи масъулият ва худшиносии ҳар як ҷавон мебошад. Зеро ҷавонон насли умедбахши миллатанд, ки дар дасти онҳо ободии Тоҷикистони азиз қарор дорад.
Ба кулли ҷавонони кишвар ин рӯзи фархундаро табрик гуфта, барояшон тандурустӣ, донишандӯзии пайваста ва комёбиҳои нав ба нав орзумандам!
Мутахассиси пешбари
бахши кадрҳо ва корҳои махсус Фаттозода А.А.