Рӯзҳои 19–21 майи соли 2025, дар шаҳри бостонии Санкт-Петербург Форуми байналмилалии ҳуқуқии Санкт-Петербург (ФБҲСП-2025) ифтитоҳ гардид. Ин чорабинии сатҳи баланд яке аз муҳимтарин платформаҳои муҳокимаи масъалаҳои ҳуқуқӣ дар фазои Евразия ба шумор меравад. Форуми мазкур иштирокчиёнро аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон гирд овардааст, аз ҷумла, намояндагони мақомоти давлатӣ, судҳо, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои ҳуқуқӣ ва донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳон. Дар қатори ҳуқуқшиносон ва мутаххасисони барҷастаи ҷаҳон, дар кори форум Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода З.Ф. ва раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Искандарзода Б.М. иштирок намуданд.
Форуми мазкур на танҳо ҳамчун майдони муҳими муколама ва таҳлили масъалаҳои ҳуқуқӣ хидмат мекунад, балки равзанаи имкониятҳо барои тақвияти ҳамкориҳои байниминтақавӣ, мубодилаи таҷриба, ташаккули сиёсати ҳуқуқии устувор ва таълифи тавсияҳои мушаххас барои ислоҳоти қонунгузорӣ мебошад.

