- Сомонаи расмии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳуриии Тоҷикистон - https://soi.tj -

ҶАВОНОН АЪЗОИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

Ҷавонон ҳам чун неруи созандаи ҷомеа мавқеи хоссаро дар ҳама давру замон ишғол намуда, сатҳи тарбия, ҷаҳонбинӣ ва масъулиятшиносии онҳо ояндаи дурахшони ҳар миллату давлатро кафолат медиҳад. Таваҷҷуҳи хоссаи миллат ба рушду тарбияи ҷавонон натанҳо рушди устувори иҷтимоӣ ва иқтисодиро таъмин мекунад, балки дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи сазоворро соҳиб мешавад. Дар давраи ҷаҳонишавии иқтисод ва афзоиши рақобати глобалӣ нақши ҷавонон дар таҳкими иқтидори илмиву фаннӣ, инноватсионӣ ва техникӣ беш аз ҳарвақта зарур шудааст. Ҳар давлате, ки ба ҷавонон имконият фароҳам меорад, онҳо табиист, ки ҳамчун сармояи бебаҳои миллӣ рушд мекунанд ва ба рушди давлат саҳми босазо мегузоранд.  Ҷавонон бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии худ метавонанд ҳамчун нерӯи асосии пешбарандаи ҳама гуна ислоҳот ва навовариҳо баромад кунанд.

Албатта дар доираи равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳар кишвар мавқеи ҷавонон дар ҷомеа боз ҳам ташаккул меёбад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: “Мо ҷавононро неруи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа мешуморем ва эътимоди комил дорем, ки насли ҷавони мо метавонад ормонҳои халқро амалӣ гардонида, давлати моро ба сатҳи нави тараққиёт барорад”. Ҳамзамон, соли 1998 китоби пурмуҳтавои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Ҷавонон ояндаи миллат”-ро манзури аҳли назар намуданд, ки дар он нуктаҳои муҳими сиёсати давлатии ҷавонон, мавқеъ ва мақоми онҳо дар ҷомеа қайд гардидааст.

Ҳамин аст, ки имрӯз дар сатҳи вазорату идораҳои давлатӣ ва корҳои муҳими ҷамъиятӣ, ҷавонон нақши пешбарро дошта, дар пешрафти соҳаҳои мухталифи мамлакат саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонон танҳо дар он ҳолат сазовори ифтихору шарафи миллату ватан мегарданд, ки агар сарчашмаи тавлидкунандаи ғояву назарияҳои нави илмӣ, созандагӣ, омили суботи ҷомеа ва амнияти давлатӣ бошанд. Аз рӯзҳои аввали Истиқлол татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати ҷавононро дастгирӣ намуда, саҳми назарраси онҳоро дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳим баҳои баланд медиҳад. Ҷалби насли наврас ба омӯзиши мероси таърихӣ ва ташаккули ҳувияти миллӣ ба таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти кишвар ба эҳё ва шинохти арзишҳои миллӣ робита дорад.

Мусаллам аст, ки дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ шаҳодати хидматҳои бузурги Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, ба неруи созанда, тобовару устувор ва пешбарандаи мо ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, пайваста ҷиҳати татбиқи сиёсати давлатии мо ҷавонон чораҳои муассир меандешанд.

Дар фарҷом бояд қайд кард, ки ҷавонон дар ҳақиқат ояндаи миллат буда, неруи асосии пешбарандаи тағйироти мусбат, рушди иқтисодӣ, таҳкими истиқлолият ва рушди демократия мебошанд.

Ёрдамчии судя Зокирова Н.